Посетители
4390981
Сегодня
317
На этой неделе
2505
В этом месяце
6510
Итого
4390981
10.12.2025
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муҳимтарин санади сиёсӣ ва барномавии давлат, ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар нақши калидӣ мебозад. Ин Паёмҳо на танҳо дастуру ҳидоят, балки роҳи кору фаъолияти тамоми сохторҳо ва ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошанд.
Дар ҳар Паём Пешвои миллат вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии соли сипаришударо таҳлил намуда, вазифаҳои нави солро муайян мекунанд. Минбаъд, дар давраи “аз Паём то Паём” мақомоти давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони фаъол ба иҷрои барномаҳо, ҳадафҳо ва тадбирҳои пешниҳодшуда машғул мешаванд. Ин давра дар ҳақиқат марҳилаи созандагӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нав ва татбиқи ташаббусҳои муҳим дар тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти кишвар аст.
Бо шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Паёмҳои солона, давоми солҳои охир Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ ноил гардид. Сохта шудани корхонаҳои нави саноатӣ, рушди энергетика, пешрафти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтор аз натиҷаҳои асосии ин раванд ба шумор мераванд. Аз Паём то Паём сатҳи зиндагии мардум боло меравад, имкониятҳои кору таҳсил васеъ мегарданд ва фазои соҳибкорӣ рушд меёбад.
Маориф, тарбияи ҷавонон ва худшиносии миллӣ қисми муҳимми ҳар Паёмро ташкил медиҳанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки идомадиҳандагони корҳои созанда ва сутуни асосии давлат ҷавононанд. Дар давраҳои “аз Паём то Паём” садҳо муассисаҳои таълимӣ навсозӣ шуда, барномаҳои дастгирии ҷавонон амалӣ мегарданд. Дастовардҳои ҷавонон дар илм, варзиш, технология ва инноватсия сол то сол бештар мешаванд.
Паёми навбатӣ ҳамеша бо таҳлили амиқи натиҷаҳои яксолаи рушди кишвар оғоз меёбад. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҷомеа воқеиятро дарк намояд ва самтҳои ояндаро бо боварӣ интихоб кунад. Ҳар Паём оинаест, ки дар он дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо инъикос меёбанд. Маҳз ҳамин шаффофият ва дурбинӣ ба сиёсати давлатӣ устуворӣ мебахшад.
Аз Паём то Паём танҳо як давраи солона нест, балки марҳилаи заҳмати созанда, таҳаввулоти бузург ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ мебошад. Паём ҳамчун дастури стратегии давлат барои рушди устувор, ободонии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар татбиқи ин ҳадафҳо саҳми худро гузорад, то Тоҷикистон боз ҳам пешрав, босаодат ва шукуфон гардад.
Мирзосаидова Манзура, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









