Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390965
Сегодня
301
На этой неделе
2489
В этом месяце
6494
Итого
4390965
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

10.12.2025

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ!
Фарҳанг ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии ҳар миллат аст. Он рукни асосии худшиносӣ, ифтихори милли ва суботи давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Миллате, ки фарҳанги ғанӣ дорад, соҳибмақом, устувор ва мутамаддин аст.
Фарҳанги тоҷик - ин ойинаи таъриху тамаддун, ахлоқу одоб, забону адаб ва ҳунару маънавиётест, ки ҳазорсолаҳо ороста шудааст.
Фарҳанг на танҳо гузашта аст, балки заминаи ояндасоз низ ҳаст. Он моро ба ваҳдат, инсондӯстӣ, эҳтироми бузургсолон ва тарбияи насли наврас роҳнамоӣ мекунад.
Шахси бофарҳанг - инсони бедордилу поктинат аст. Ӯ ба ҳама бо эҳтиром муносибат мекунад, ба кинаву адоват роҳ намедиҳад, хоксору ботаҳаммул аст, забони нарм ва рафтори ором дорад, ҳамеша барои сулҳу дӯстӣ талош меварзад.
Чунин шахс на танҳо соҳиби дониш, балки соҳиби қалби калон аст, ки ҷомеаро бо хулқу атвори худ зеб медиҳад.
Пас, бояд фарҳангро ҳифз кунем, рушд диҳем ва ба наслҳои оянда ҳамчун ганҷи бебаҳо мерос гузорем-зеро фарҳанг ҳастии миллат аст!
Муяссара Иброҳимова - сарвари Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение текст
Возврат к списку новостей