Посетители
4390957
Сегодня
293
На этой неделе
2481
В этом месяце
6486
Итого
4390957
10.12.2025
Мулоқоти навбатӣ бо сокинон
Мулоқоти навбатӣ бо сокинон
Дар доираи амалисозии вохурии "Деҳа ба деҳа" ва «Маҳалла ба маҳалла» мулоқоти навбатӣ бо сокинони деҳаи Ғалчамулло баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади таҳкими робитаи мунтазами мақомотҳо бо аҳолӣ, боло бурдани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ҳамчунин баррасии мушкилоти мавҷуда сурат гирифт.
Дар мулоқот Акмал Ализода — мудири шуъбаи ташкилию кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва Баҳодур Маҳмудов - мудири бахши бойгонии МИҲД- шаҳр иштирок намуда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ суханронӣ карданд.
Тавре зикр гардид, татбиқи пурраи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунгузории марбут ба хизмати ҳарбӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, таҳкими пойдории оила ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии шаҳрвандон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомотҳо ба шумор меравад. Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкории волидайн бо муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҷисмониву ахлоқии наврасон ва пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон таъкид карда шуд.
Иштирокчиён инчунин масъалаҳои вобаста ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дастгирии оилаҳои осебпазир, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ — бахусус барои занон ва ҷавонон — ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонӣ, тозагӣ ва дигар ташаббусҳои ҷамъиятӣ, инчунин ба зарурати баланд бардоштани масъулияти сокинон ва густариши фарҳанги ҳамзистӣ дар маҳалла диққати хоса дода шуд
Сокинони маҳалла дар муҳити озоду самимӣ андеша, пешниҳод ва мушкилоти худро иброз намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?