Посетители
4390993
Сегодня
329
На этой неделе
2517
В этом месяце
6522
Итого
4390993
10.12.2025
Мизи мудаввари «Зиндагӣ бидуни хушунат зебост» дар Коллеҷи технологӣ
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ "ЗИНДАГӢ БИДУНИ ХУШУНАТ ЗЕБОСТ" ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ БА НОМИ А. ҚАҲҲОРОВИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон» баргузор мешавад, ки он ба Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳар гуна маҳдудкуниҳои ҳуқуқи занон иртибот мегирад.
Дар доираи ин маърака, санаи 10 декабри соли 2025 дар Коллеҷи технологӣ мизи мудаввар таҳти унвони "Зиндагӣ бидуни хушунат ва зӯроварӣ зебост" доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода ширкат варзиданд.
Дар оғози нишаст зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи оила, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими нақши оила, ташаккули оилаи солим ва тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ дар миёни насли ҷавон равона гардидааст. Ҳамзамон, чунин иқдомҳо барои тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии омилҳои номатлубу хушунати хонаводагӣ мусоидат мекунанд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии баргузор намудани ин гуна мизҳои мудаввар ҷалби диққати ҷомеа ба мушкилоти зӯроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон, инчунин коҳиш додани сатҳи хушунати хонаводагӣ мебошад.
Чорабинӣ бо саволу ҷавоб, мулоҳизаҳои иштирокчиён ва мубодилаи таҷрибаи созанда анҷом ёфт.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?