Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390970
Сегодня
306
На этой неделе
2494
В этом месяце
6499
Итого
4390970
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

10.12.2025

10 ДЕКАБР - РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

10 ДЕКАБР - РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзишҳои олӣ ва меҳвари давлатдории муосир шинохта мешавад. Дар Тоҷикистон низ масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба ҳол мавқеи асосии сиёсати давлатӣ буда, эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб мебошад ва ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Дар рушди ин раванд шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дорад. Дар давраи роҳбарии ин сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳонӣ масъалаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таҳкими сулҳ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд аз самтҳои афзалиятноки давлатдорӣ эълон гардидааст. Дар ин ҷода худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид намудаанд: “Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи муқаддаси давлат аст ва мо онро дар маркази сиёсати худ қарор додаем”.
Тоҷикистон дар солҳои 90-ум ба як буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ҳуқуқи асосии инсон-ҳуқуқ ба зиндагӣ зери хатар монда буд. Дар чунин шароит, бо талошҳои пайваставу сулҳҷӯёнаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки ин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ як дастоварди арзишманди сулҳхоҳона ба ҳисоб меравад. Сулҳ барои барқарор гардидани амнияти шахсӣ ва ҳуқуқи зиндагии ором, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, замина барои эҳё ва муҳайё шудани шароит барои рушди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ шароит фароҳам овард.
Дар солҳои минбаъда доираи васеи санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардид, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳанд. Муҳимтарини он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки устувории ҳуқуқи инсон ва озодии асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” қабул шуд, аз ҷониби Маҷлиси Олии кишвар барномаҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, занон, ҷавонон ва маъюбонро тасдиқ намуд ва механизмҳои миллӣ барои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи башар такмил ёфтанд.
Иштироки Тоҷикистон дар даҳҳо созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, нишон медиҳад, ки кишвар сиёсати ҳуқуқбунёдро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайравӣ мекунад. Дар ин замина, барномаҳои маърифатии ҳуқуқӣ барои аҳолӣ, марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ дар вилоятҳо ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ барқарорсозии сулҳ, рушди ниҳодҳои махсуси ҳимояи ҳуқуқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пуштибонии гурӯҳҳои осебпазир нақши муҳим гузоштаанд. Дар натиҷаи ин сиёсати пайгирона, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон таҳким ёфта, муҳити мусоид барои зиндагии орому босубот фароҳам омадааст.
Саидиён Иномҷон Зарифзода, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №24 ба номи Бурҳон Фаррух
Возможно, это изображение один или несколько человек и костюм
Возврат к списку новостей