Посетители
4390979
Сегодня
315
На этой неделе
2503
В этом месяце
6508
Итого
4390979
09.12.2025
ИФРОТГАРОӢ — ХАТАР БА СУБОТ, ТАҲДИД БА ФАРДОИ МО.
ИФРОТГАРОӢ — ХАТАР БА СУБОТ, ТАҲДИД БА ФАРДОИ МО.
Дар шароите, ки ҷаҳон бо суръат тағйир меёбад, ҳифзи субот ва амнияти ҷомеа вазифаи ҳар яки мост. Яке аз хатари ҷиддие, ки имрӯз пеши роҳи рушду оромии ҷомеаро мебандад, ифротгароӣ мебошад — падидае, ки аз норасоии маълумот, ноумедӣ, таҳрики берунӣ ва сӯиистифодаи эътиқодҳо сарчашма мегирад.
Ифротгароӣ танҳо як ақида ё фикри дигаргуна нест. Он равияест, ки шахсро аз роҳи мӯътадил дур намуда, ба интихоби шеваҳои тундравӣ, инкори ҳамзистӣ ва фанатизми бечунучаро тела медиҳад. Тундравӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки шахс воқеиятро танҳо дар доираи танги тафаккури худ мебинад, дигар фикрҳоро қабул намекунад ва ба ҳар гуна зиддият нигоҳи душманона дорад.
Пайомади ниҳоии он - низоъ, тарс, зӯроварӣ, ихтилоф, парокандагӣ ва аз даст рафтани субот дар ҷомеа аст.
Ифротгароӣ дар фазои холӣ ба миён намеояд. Он одатан аз омилҳои гуногун ғизо мегирад:
Бисёр афрод аз сабаби надоштани маълумоти кофӣ ва саводи расонаӣ ба доми таблиғоти бардурӯғ меафтанд.
Гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ метавонанд аз ҳиссиёти поки ҷавонон барои ҳадафҳои нодуруст истифода баранд.
Ифротгароӣ ҷавононро аз роҳи таҳсилу созандагӣ дур мекунад. Нобоварӣ байни гурӯҳҳо ва одамонро зиёд менамояд. Ба ҷойи нерӯи созанда, нерӯи вайронкорро ба саҳна меорад. Ояндаро ноамн ва пешгӯинашаванда месозад.
Беҳтарин СИПАР зидди тафаккури ифротӣ баланд бардоштани маърифату худогоҳӣ, гӯш кардани андешаҳои якдигар бо эҳтиром ва ҳаллу фасли мушкилот бо роҳи осоишта, дастгирии ҷавонон дар ёфтани роҳҳои солими рушди шахсӣ ва касбӣ, паҳн кардани фарҳанги таҳаммул, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.
Бар зидди ифротгароӣ мубориза бурдан кори танҳо мақомоти давлатӣ нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст- аз оила то муассисаҳои таълимӣ ва аз корхонаҳо то ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҳар яки мо хуб дарк намоем, ки ифротгароӣ на танҳо амният, балки умед ва бовар ба фардои беҳтарро таҳдид мекунад. Решаҳои фарҳангӣ ва таърихии моро зери хатар мегузорад ва ҳувияти миллиро зарба мезанад.
Биёед, ҳар яке аз мо бо сухан, амал ва рафтори худ барои субот, ваҳдат ва пешрафти ҷомеа саҳм гузорем.
ОЯНДАИ МО АЗ ҚАРОРИ ИМРӮЗАИ МО ВОБАСТА АСТ.
Ғафурзода Д, директори МТМУ#7, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?