Посетители
4391002
Сегодня
338
На этой неделе
2526
В этом месяце
6531
Итого
4391002
09.12.2025
"Шоҳнома" дар ҳар оила — пайвандгари наслҳо ва посдори ҳувият:
"Шоҳнома" дар ҳар оила — пайвандгари наслҳо ва посдори ҳувият:
"Шоҳнома"- и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ яке аз ганҷинаҳои бебаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ва сарчашмаи асосии худшиносии миллии форсизабонон, аз ҷумла, тоҷикон маҳсуб меёбад. Ин асари мондагор бо забони ноби порсӣ таълиф гардида, таърихи ориёии ниёгони моро бо тамоми шуҷоат, хирад, фидокорӣ ва ахлоқи наҷиб тасвир мекунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки: "Шоҳнома" ба миллати тоҷик руҳи миллӣ ва ифтихори таърихӣ бахшида, барои бедории худшиносии миллӣ замина фароҳам овард".
Маҳз ба ҳамин хотир, зарур аст, ки "Шоҳнома" дар ҳар оила мавқеи хоса дошта бошад. Хондану муҳокима намудани қиссаҳои он дар муҳити хонаводагӣ метавонад дар руҳияи фарзандон ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху тамаддуни гузашта ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бедор намояд.
Фарҳанги китобхонӣ дар оила, бахусус бо асарҳои классикӣ, мисли "Шоҳнома" на танҳо дониши таърихӣ медиҳад, балки муҳити маънавии солимро дар хонавода ташаккул медиҳад. Қаҳрамонони "Шоҳнома"— Рустам, Суҳроб, Сиёвуш ва дигарон — намунаи шуҷоат, вафо, адолат ва ахлоқи баланданд, ки метавонанд барои насли наврас ҳамчун ибрати ахлоқӣ хизмат намоянд.
Хулоса, ворид сохтани "Шоҳнома" ба муҳити хонаводагӣ маънои эҳё ва пос доштани решаҳои миллиро дорад. Агар ҳар оила як нусхаи Шоҳнома дошта бошад ва онро бо фарзандон бихонад, метавонем насли огоҳ, худшинос ва миллатдӯстеро парвариш намоем, ки ҳам посдори гузашта ва ҳам созандаи фардо хоҳанд буд.
Мушовири шуъбаи маориф Шерматов Тухтамурод

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?