Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390992
Сегодня
328
На этой неделе
2516
В этом месяце
6521
Итого
4390992
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

09.12.2025

Мулоқоти навбатӣ бо сокинони маҳаллаи С. Айнӣ

Мулоқоти навбатӣ бо сокинони маҳаллаи С. Айнӣ
‎ Вохӯрии навбатӣ бо усули "маҳалла ба маҳалла" бо сокинони маҳаллаи С.Айнӣ доир гардид.
Мақсади асосии чунин намуди мулоқот ин таҳкими робитаи мустақим байни шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, боло бурдани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва баррасии мушкилоти ҷойдошта мебошад.
‎Дар мулоқоти навбатӣ намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла:
‎Бурҳониддин Ҷабборӣ – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва ‎Ализода Акмал – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом иштирок ва баромад намуданд.
‎Мавзӯъҳои асосие, ки дар мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ карор гардиданд, ин татбиқ ва риояи ҳамаҷонибаи қонунҳои амалкунанда, ‎аз ҷумла дар масалаҳои хизмати ҳарбӣ, танзими ҷашну маросим, пойдории оила, баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии сокинон, мустаҳкам намудани робитаи волидайн бо мактаб, тақвияти тарбияи солим дар байни наврасон, ‎пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва роҳҳои дастгирии оилаҳои осебпазир, истифодаи самараноки ‎имкониятҳои мавҷуда дар самти ҷалби шаҳрвандон ба касбомузӣ, шуғл, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, барои занону ҷавонон, иштироки фаъолонаи сокинон дар корҳои ободонӣ, тозагӣ ва дигар корҳои ҷамъиятӣ,
‎таҳкими амният, фарҳанги ҳамзистӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар маҳалла.
‎Сокинони маҳаллаҳо дар ҷараёни мулоқот назари худро оид ба масалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.
Аъзоёни гуруҳи корӣ ба саволҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуда, барои ҳалли масъалаҳо роҳҳои амалӣ пеш гузоштанд.
‎Мулоқот, ки дар фазои самимӣ сурат гирифт, ба баланд гардидани сатҳи ҳамкории байни мақомоти иҷроия ва сокинон, ташвиқи фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва беҳтар шудани вазъ дар маҳалла мусоидат хохад кард.
Возможно, это изображение учеба и столВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение шахматы и стол
Возврат к списку новостей