Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390970
Сегодня
306
На этой неделе
2494
В этом месяце
6499
Итого
4390970
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

08.12.2025

Паёми табрикии Раиси шаҳр ба Рӯзи кормандони мақомоти молия

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия!
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишварамон санаи 7 – уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти молия чун рамзи арҷгузорӣ ва эҳтиром дар назди хизмату заҳматҳои шоистаи кормандони ин ниҳоди муҳими молиявӣ хотирмону шоиста таҷлил карда мешавад.
Қаблан, иҷозат фармоед, Шумоён, кормандони гиромии Раёсати молияи шаҳрро бо Иди касбиатон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ, саодати зиндагӣ ва дар фаъолияти пурмасъули хизматиатон барору комёбиҳо таманно намоям.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад. Дар ҳақиқат, саҳми кормандони соҳаи молия дар пешбурди ин сиёсати давлатӣ ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат намоён мебошад.»
Воқеан ҳам, имрӯзҳо кормандони молияи шаҳрамон баҳри рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳрамон саъю талош намуда истодаанд, ки сол аз сол инкишоф ва тақвият ёфтани вазъи иқтисодии шаҳрамон гувоҳи онанд. Бо қаноатмандӣ изҳор менамоем, ки мутахассисони соҳаи молиёти шаҳр бо истифода аз дастовардҳои техникаву технологияи муосир, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, хусусан, дар доираи солҳои 2025 – 2030 эълон гардидани «Солҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ ва дигар тадбирҳои муосири молиявӣ дар рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр нақши муҳим доранд.
Итминони комил дорем, ки кормандони молияи шаҳр минбаъд ҳам, дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору ниҳодҳои дахлдор баҳри таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҳаллу фасли масъалаву муаммоҳои соҳаи иҷтимоиёт, ҳамзамон, ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва таъмини иҷрои саривақтии он имкониятҳои мавҷударо фаровон истифода хоҳанд кард.
Бо чунин таманниёти нек, бори дигар, шумоёни азизу арҷмандро ба ифтихори Иди касбиатон сидқан ва самиман шодбош намуда, бароятон садоқату саодатмандӣ ва пирузиву сарфарозиҳо орзумандам.
Иди касбӣ, муборак, кормандони азиз!
Бо эҳтиром, Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода
Возможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей