Посетители
4390988
Сегодня
324
На этой неделе
2512
В этом месяце
6517
Итого
4390988
22.11.2025
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ дар шаҳри Конибодом мутантан таҷлил гардид.
Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, баъдан Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо паёми табрикӣ баромад намуд. Таъкид гардид, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамасола, санаи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ ва истиқлолу озодӣ ботантана таҷлил менамоянд. Парчами давлатии Тоҷикистони азизи мо дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки минбаъд, ин сана дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷикон чун рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнопазир сабт гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойгоҳ ва нақшу мақоми Парчами давлатӣ чунин таъкид намудаанд, ки:
«Қабули парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид, мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд».
Шаҳрдор ҳамзамон, аз таърихи парчамдории тоҷикон ва дастоварду муваффақиятҳои парчамбардони кишвар дар даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ёдовар гардид.
Дар идома, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирон расонид.
Дар фарҷом барномаи рангини аҳли фарҳанги шаҳр манзури иштирокдорон гардид.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?