Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4376710
Сегодня
54
На этой неделе
54
В этом месяце
6014
Итого
4376710
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

07.11.2025

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи театри тоҷик

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи театри тоҷик
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қаблан, Шумоён, аҳли ҳунари театри драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова ва кулли ҳаводорони санъати театрии шаҳрро ба муносибати Рӯзи театри тоҷик, ки ҳамасола санаи 7-уми ноябр таҷлил мегардад, самимона шодбош намуда, баҳратон сиҳату саломатӣ, рӯзгори босаодат ва дар фаъолияти эҷодиатон барору комёбиҳои навин таманно дорад.
Дар таъриху тамаддуни мардуми куҳанбунёди тоҷик фарҳангу ҳунар ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошта, он яке аз василаҳои муҳими ба камол расидани инсон ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёту маърифати мардум хизмат менамояд, ки дар ин ҷода нақшу мақоми санъати театрӣ низ назаррасу арзишманд аст.
Басо хушоянд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан, Пешвои муаззами миллатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули фарҳангу ҳунар, дар ин раванд ба рушду нумӯи санъати театрӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷойгоҳи муносиби онҳо дар ҳаёти фарҳангии кишвар бозгӯи ин далелҳоянд.
Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳрамон низ, ки яке аз театрҳои куҳанбунёди кишварамон маҳсуб ёфта, тӯли фаъолияти наздик ба якасринааш рисолати фарҳангофаринии хешро сарбаландона иҷро намуда, дар домони хеш як идда чеҳраҳои тобнок ва ситораҳои пурҷилои фарҳангу ҳунарро парваридааст, ки боиси ифтихори ҳамагон гардидаанд.
Аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки насли имрӯзи театри шаҳрамон, ҳайати эҷодии он низ, рисолати таърихии хешро бо масъулияти тому ифтихори баланд ва босадоқат идома дода истодаанд. Таҳия ва ба намоиш гузоштани барномаҳои ҷолиб, пайваста сарфароз гардидан дар озмуну фестивалҳои сатҳи гуногун ва муваффақиятҳои беназирашон аз фаъолияти натиҷабахши аҳли кормандони ин боргоҳи ҳунари воло дарак медиҳанд.
Итминони комил дорем, ки аҳли эҷоди театри шаҳрамон минбаъд низ, фаъолияти хешро дар раванди корҳои эҷодӣ густариш дода, баҳри таҳия ва пешниҳоди барномаҳои боз ҳам рангину пурмуҳтаво ба ҷомеа, рушду такомули фарҳангу ҳунари шаҳр ва ба ин васила, дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои арзишманду муқаддаси миллию давлатиамон имкониятҳои эҷодии ҳунарии худро равона хоҳанд сохт.
Бори дигар, шумоёни гиромиро бо иди пуршарафи касбиатон сидқан ва самиман муборакбод намуда, баҳратон сиҳатмандиву хонаободӣ ва дар фаъолияти пурсамари ҳунариатон фатҳи қуллаҳои баланди эҷодӣ ва сарбаландиву сарфарозиҳо орзумандем.
Иди касбӣ, муборак!
Бо эҳтиром, Раиси
шаҳри Конибодом
Даврон Зоҳидзода
Возможно, это изображение один или несколько человек
Возврат к списку новостей