Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4376667
Сегодня
11
На этой неделе
11
В этом месяце
5971
Итого
4376667
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

05.11.2025

Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикии
Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Дар таърихи ҳар як халқу миллат санаву рӯйдодҳои муҳиме рух медиҳанд, ки дар сарнавишт ва рушди минбаъдаи онҳо мақоми хосаеро доро мебошанд. Яке аз чунин воқеаҳои муҳиму фаромӯшнопазир дар таърихи миллати мо ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли равон 31 - умин солгарди ин санади муҳиму тақдирсозро дар фазои сулҳу ваҳдати комил, сарҷамъию муттаҳидӣ ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ истиқбол менамоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибистиқлоламон чунин ибрози назар намуданд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Имрӯзҳо, бо гузашти фосилаи муайяни таърихӣ ин санади муҳими давлати соҳибистиқлоламон бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи халқи Тоҷикистон таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ ва озоду соҳибихтиёр роҳи ягонаву дуруст ва боэътимод буда, моро ба сӯйи рушду пешрафтҳо, дигаргуниҳои куллӣ, зиндагии шоиста ва ободию шукуфоӣ ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, донистани Конститутсия, арҷ гузоштан ва риоя намудани меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвари кишвар буда, боиси баланд гардидани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҳар як сокини мамлакат хоҳад гашт.
Итминони комил дорем, ки сокинони сарбаланди шаҳрамон эҳтирому арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ - Конститутусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани меъёрҳои онро рисолати муқаддаси хеш шуморида, барои пешрафту ободии кишвари азизи хеш ба иқдомҳои созандаву бунёдкорона вусъати тоза мебахшанд.
Бо чунин таманниёти наҷиб, ҳамаи шумоён, сокинони сарбаланди Канди бостониро ба ифтихори ин рӯйдоди муҳими таърихӣ - 31 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон рӯзгори босаодат, файзу баракат, хушбахтиву фараҳмандӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи пойдор ва сарсабзиву шукуфоӣ орзумандам.
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода
Нет описания фото.
Возврат к списку новостей