Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390981
Сегодня
317
На этой неделе
2505
В этом месяце
6510
Итого
4390981
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

11.10.2025

Ситоди шаҳрӣ оид ба ҷамъоварии пахта дар Конибодом

Имрӯз таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Даврон Зоҳидзода ситоди шаҳрӣ оид ба рафти ҷамъоварии пахта баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, раисони хоҷагиҳои пахтакор, масъулони ситоди шаҳрӣ сурат гирифт, масъалаи тақвияти корҳо ҷиҳати беталаф ҷамъоварии "тиллои сафед" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зайнура Азимӣ баён дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи пахтакорӣ ҳамчун як бахши муҳими иқтисоди миллӣ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи доимӣ бошад. Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода зарурати истифодаи оқилонаи ҳар соати мусоиди меҳнат ва ҷалби бештари қувваи кориро таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки пахта на танҳо ашёи хоми стратегӣ, балки сарчашмаи таъмини рушди саноати сабук ва манбаи даромади хоҷагиҳо мебошад.
Дар фарҷом ба масъулин ҷиҳати ҳавасмандсозии ҳашарчиён, назорати ҳаррӯзаи рафти чиниш ва сари вақт ба корхонаҳои коркард супоридани пахта дастурҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон, роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова барои сарбаландона баромадан аз иҷрои нақшаи истеҳсол ва ба давлат супоридани пахта бо туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуд.
Нет описания фото.Возможно, это изображение помостВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человек и помостВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекВозможно, это изображение один или несколько человекНет описания фото.Нет описания фото.
Возврат к списку новостей