Посетители
4390975
Сегодня
311
На этой неделе
2499
В этом месяце
6504
Итого
4390975
18.09.2025
МУЛОҚОТИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 4
МУЛОҚОТИ "МАКТАБ БА МАКТАБ" ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 4
Тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқот бо усули "Мактаб ба мактаб" санаи 18.09.2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 роҳандозӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини раиси шаҳри Конибодом Раҳмонзода Гулчеҳра, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ, корманди ШВКД дар шаҳр подполковники милитсия Диловар Ализода ва менеҷери сохтори КАТС Шавқат Тоҳирзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ ба сухан баромада, мақсади баргузории мулоқотро шарҳ дод. Сипас мавсуф оид ба дастовардҳои солҳои Истиқлол андешаронӣ намуда, зикр дошт, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Муовини раиси шаҳр Раҳмонзода Гулчеҳра оид ба таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои амалкунанда, пешгирии шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба гуруҳҳои ифротӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба забономӯзиву касбомӯзӣ, ҷалби мардум ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар раванди мулоқот, Шавқат Тоҳирзода вобаста ба масъалаи тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва намояндаи ШВКД дар шаҳри Конибодом оид ба истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, пешгирии шабгардии фарзандон ибрози назар намуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?