Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390963
Сегодня
299
На этой неделе
2487
В этом месяце
6492
Итого
4390963
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

17.09.2025

ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД

ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовинони Раис, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №170 “Дар бораи барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021- 2025”;
Дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
Ҳисботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Юрий Гагарин”, №3 Фирӯза Шерматова;
Ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз рӯйи намудҳо барои нӯҳ моҳи аввали соли 2025;
Тасдиқи қарорҳои қаблан қабулшудаи Раиси шаҳр.
Доир ба масъалаи якуми рӯзнома вакил Гулчеҳра Раҳмонзода ва директори Коллеҷи омӯзгорӣ Марҳабо Расулова гузориш доданд. Ҳамаи масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ ёфта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамчунин, вакилон қарорҳои кадрии Раиси шаҳрро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Бо қарори иҷлосия:
Зарина Мамадзода ба вазифаи КВД “Ободкори Патар”;
Ғафурзода Заррина Абдулло ба вазифаи директори Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ таъин гардиданд.
Дар иҷлосия муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар фарҷом аз ҷониби Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта ва даъвати тирамоҳии ҷавонон ба шахсони масъул дастурҳои мушаххас дода шуд.
Н.Умаров
Ф.Муқимов
Возможно, это изображение 11 человек и помостВозможно, это изображение 3 человека, помост и текстВозможно, это изображение 1 человек, помост и Овальный кабинетВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 2 человека, помост и текстВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 5 человекВозможно, это изображение 8 человекВозможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 1 человек, помост и текстВозможно, это изображение 5 человек и текстВозможно, это изображение 1 человекВозможно, это изображение 4 человека
Возврат к списку новостей