Посетители
4390983
Сегодня
319
На этой неделе
2507
В этом месяце
6512
Итого
4390983
02.09.2025
Вохӯрии вакил
Вохӯрии вакил
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва бехатарӣ Насрулло Маҳмудзода бо фаъолон ва сокинони шаҳр баргузор гардид.
Мулоқотро Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти чунин вохӯриҳоро дар тақвияти ҳамкории мардум бо сохторҳои қонунгузор муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамаи ин саъю талошҳо бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба беҳбуди зиндагии мардум равона шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот вакил Насрулло Маҳмудзода ба саволу пешниҳоди сокинон посух гуфта, ҳамзамон тағйироту иловаҳои ахир ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод. Ӯ зикр намуд, ки ин ислоҳот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии иҷтимоии мардум, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқиву қонунмандӣ равона шудаанд.
Ҳамчунин, Насрулло Маҳмудзода сокинони шаҳри Конибодомро ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, аз нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва рушди давлати мустақил ёдовар шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода бо натиҷагирӣ аз муҳтавои ҷаласа таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт ва барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз қонунгузорӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?