Посетители
4390991
Сегодня
327
На этой неделе
2515
В этом месяце
6520
Итого
4390991
01.09.2025
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА"
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА"
1-уми сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом” бахшида ба Рӯзи дониш чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Баҳриддинхӯҷа Нозимӣ устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса ширкат варзиданд.
Нахуст, директори муассиса Марҳабо Расулова меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ташрифи раиси шаҳр дар рӯзи нахустини соли таҳсил барои омӯзгорону донишҷӯён мояи ифтихор буда, руҳбаландӣ ва такони ҷиддии маънавӣ дар пешбурди фаъолияти таълиму тарбия маҳсуб меёбад. Ӯ дар баромади хеш зикр намуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи мақомати иҷроияи давлатии ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, имрӯз ба яке аз бонуфузтарин муассисаҳои миёнаи касбӣ табдил ёфтааст.
Сипас, раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил самимона шодбош гуфт. Мавсуф изҳор дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти калидии рушду пешрафти кишвар ҳисобида, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълимӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам меоранд.
Даврон Зоҳидзода омӯзгоронро даъват намуд, ки дар тарбияи насли ҷавон масъулияти бузург эҳсос намоянд, зеро маҳз ҷавонони соҳибмаърифат ва босавод ояндаи миллатро таъмин мекунанд. Ҳамзамон, Баҳриддинхӯҷа Нозимӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар идома меҳмонон аз шароити таълим, пояи моддию техникӣ, дастовардҳо ва шароити таълимии коллеҷ, инчунин аз муассисаи таҳсилоти ибтидоии “Нури маърифат” дар назди муассиса шинос шуданд.
Ҳамзамон, бо омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон суҳбати озод ороста, даъват карданд, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, бо руҳияи баланд, азму иродаи қавӣ роҳи илму адаб ва созандагиро пешаи худ намоянд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?