Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4390993
Сегодня
329
На этой неделе
2517
В этом месяце
6522
Итого
4390993
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

29.08.2025

ДАРСИ СУЛҲ — ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ЭҲСОСИ ИЛМДӮСТӢ

ДАРСИ СУЛҲ — ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ЭҲСОСИ ИЛМДӮСТӢ
Ҳар як ҷомеаи мутамаддину соҳибтамаддун дар шинохт ва рушди насли наврас ба тарбия ва худшиносии миллӣ такя мекунад. Махсусан дар кишварҳое, ки сулҳ ҳамчун неъмати бузург ва дастовард бо заҳмату фидокории фарзандони ватан ба даст омадааст, омӯзиши сулҳ ва арзиши он ҷузъи муҳими равандҳои таълимӣ ва тарбиявӣ маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми он бевосита талхиҳои ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, «Дарси сулҳ» дар оғози ҳар соли таҳсил ба як анъанаи хирадофар ва муҳими маънавӣ табдил ёфтааст.
Дарси сулҳ танҳо як машғулияти рамзӣ нест, балки паёмест ба ҳар як хонанда, донишҷӯ ва муаллим аз таърих барои фардо. Дар ин дарс на фақат калимаи «сулҳ», балки маҷмӯи арзишҳо, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон, таҳаммулпазирӣ, ва масъулияти шаҳрвандӣ омӯзонида мешавад. Дарси сулҳ фурсатест, ки дар он омӯзгор ва шогирд на танҳо дар бораи сулҳу оромӣ сухан мегӯянд, балки сулҳро ҳамчун ормон, мақсад ва рисолати наслҳо мешиносанд.
Аҳамияти тарбиявии Дарси сулҳ бениҳоят бузург аст. Зеро маҳз тавассути он дар қалби шогирд эҳсоси қадршиносӣ аз ҳаёти орому осуда ва ҳисси пос доштани он бедор мешавад. Вақте хонанда мефаҳмад, ки оромии имрӯз натиҷаи мубориза, сабру таҳаммул, ва хирадмандии мардуми худ аст, эҳтироми ӯ ба ватан ва арзишҳои давлатӣ бештар мегардад. Ӯ мефаҳмад, ки сулҳ на худ ба худ меояд ва на танҳо бо имзо, балки бо нияти пок, бо гуфтугӯ ва бо эҳтироми мутақобил пойдор мемонад.
Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳони пуртазод дар гирдоби низоъҳо ва нооромӣ қарор дорад, шукргузорӣ аз сулҳ бояд як мафкураи пойдор бошад. Ин мафкураро танҳо метавон тавассути омӯзиш ва дарсҳои тарбиявии мунтазам, хусусан бо роҳандозии чунин тадбирҳо ба монанди «Дарси сулҳ» таҳким бахшид. Дар мактаб, коллеҷ ва донишгоҳҳо, омӯзиши сулҳ бояд як равиши муассир ва пайваста бошад, на як маросими якрӯза. Зеро насли наврас бояд сулҳро танҳо ҳамчун калима, балки ҳамчун тарзи зиндагӣ ва як масъулияти фардӣ дарк кунад.
Ҳамзамон, Дарси сулҳ метавонад ба як такягоҳи муҳим дар ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ табдил ёбад. Ҳар гоҳе, ки шахс ватани худро дӯст медорад, ӯ сулҳи онро муҳофизат мекунад. Ҳар гоҳе, ки ӯ таърихи ватан, заҳмати мардуми онро барои оромӣ медонад, пас ӯ ҳамчун шаҳрванд ба Ватан содиқ ва масъулиятшинос мемонад. Аз ин рӯ, ин дарс на танҳо як машғулият, балки як мактаби тарбияи ватандӯстист.
Дарси сулҳ моро водор месозад, ки ба ҳаёти имрӯза аз нигоҳи огоҳӣ ва шукргузорӣ нигоҳ кунем. Ба насли наврас имконият медиҳад, ки бо ҳушёрӣ ва диди васеъ ба оянда назар андозад ва дар замири худ посухи муҳимро биҷӯяд: чӣ гуна ман метавонам саҳмгузори сулҳи ватанам бошам?
Хулоса, дарси сулҳ барои хонандагон як паёми муҳаббат, як дарси худшиносӣ ва як заминаи ташаккули эҳсоси ҳақиқии ватандӯстист. Он воситаест барои бедор кардани ифтихор аз ватан, сулҳ, истиқлолият ва арзишҳои умумибашарӣ. Агар ин эҳсос дар қалби як наврас шуълавар шавад, бовар дорем, ки ҷомеаи фардо боз ҳам солимтар, устувортар ва муттаҳидтар хоҳад буд.
Бахтиёр РАЗЗОҚОВ,
сармутахассиси шуъбаи иттилооти
Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение 1 человек и костюм
Возврат к списку новостей