Посетители
28.08.2025
Истиқлолият – рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ.
Истиқлолият – рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ.
Яке аз муқаддастарин дастовардҳои миллат – Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият барои ҳар як халқ бузургтарин неъмат ва нишонаи озодиву худшиносӣ ба шумор меравад. Миллате, ки соҳиби истиқлол аст, роҳи худро худаш интихоб мекунад, сиёсати дохиливу хориҷиро мустақилона пеш мебарад ва ояндаи худро месозад.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз буд. Солҳои соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо давраи эҳё ва пешрафти воқеӣ гардиданд. Маҳз истиқлолият ба мо имконият дод, ки давлатдории миллӣ барпо намоем, рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дошта бошем ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунем.
Бо шарофати Истиқлолият дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба даст омаданд:
дар сиёсат – таҳкими ваҳдат ва суботи миллӣ;
дар иқтисод – рушду созандагии деҳу шаҳрҳо;
дар фарҳангу маънавиёт – эҳёи суннату арзишҳои миллӣ;
дар маорифу илм – эҷоди шароит барои насли наврас ва ҷавонон.
Мо бояд дарк намоем, ки истиқлолият на танҳо дастоварди таърихӣ, балки масъулияти бузург низ мебошад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки онро ҳифз кунем, ба таҳкими он саҳм гузорем ва барои рушди давлату миллат содиқона меҳнат намоем.
Истиқлолият аз мо иттиҳоду ягонагӣ, ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ ва ғамхорӣ ба наслҳои ояндаро талаб мекунад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта ва обод табдил диҳем.
Бигузор Парчами истиқлол ҳамеша парафшон бошад ва Тоҷикистони азизи мо то абад озоду соҳибихтиёр боқӣ монад!
Ғафурзода Дилором, директори МТМУ #7.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?