Посетители
4390963
Сегодня
299
На этой неделе
2487
В этом месяце
6492
Итого
4390963
28.08.2025
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо як воқеаи сиёсӣ нест, балки рӯйдоди сарнавиштсозст, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дигаргун сохт. Санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масири нави таърихӣ қадам гузошт ва бо ин амр ба низоми таҳсилоти касбӣ, ки пояи асосии рушди ҷомеа ва омили муҳими пешрафти давлат ба ҳисоб меравад, тағйироти ҷиддӣ ворид гардид.
Агар дар давраи то истиқлол соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бештар ба талаботи иқтисоди нақшавӣ мутобиқ ва вобаста ба сиёсати маркази собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли техникуму омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ ташкил шуда бошад, пас баъди истиқлол Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки сиёсати миллии худро дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони сатҳи миёнаи касбӣ пеш барад ва онро ба талаботи ҷомеа, бозори меҳнат ва эҳтиёҷоти миллӣ мутобиқ намояд.
Дар замони Шӯравӣ муассисаҳои касбомӯзӣ ва омӯзишгоҳҳо фаъолият доштанд, вале онҳо бештар барои таъмин кардани мутахассисон ба колхозҳо, совхозҳо ва корхонаҳои бузурги саноатӣ истифода мешуданд. Барномаҳои таълимӣ аз Маскав таҳия мегардиданд ва хусусиятҳои миллии Тоҷикистонро ба назар намегирифтанд. Мутаассифона, ин ҳолат боис мешуд, ки аксари мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ танҳо ба низоми иқтисоди мутамарказ хизмат кунанд ва барои рушду эҳтиёҷоти худи ҷомеа имкониятҳои кофӣ фароҳам набуд. Бо соҳиб шудан ба истиқлол, ки роҳи навро барои тоҷикон боз намуд, зарурати куллан дигар кардани системаи таҳсилоти касбӣ ба миён омад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар душвор буданд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва буҳрони иҷтимоӣ имкониятҳои давлатро хеле маҳдуд карда буд. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти олии кишвар соҳаи таҳсилоти касбиро аз аввалин рӯзҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» соли 1993 қадами муҳим дар ташаккули низоми миллӣ гардид. Дар он соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таври равшан ҳамчун пайванди муҳим миёни мактаб ва таҳсилоти олӣ муайян гардид. Ин заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои рушди минбаъдаи соҳа имконият муҳайё сохт.
Баъди барқарор шудани сулҳу оромӣ ва оғози барномаҳои созандагӣ ислоҳоти куллӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ роҳандозӣ шуд. Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди муассисаҳои миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Маҳз дар ҳамин давра шабакаи муассисаҳои миёнаи касбӣ васеъ гардид ва имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ 55 коллеҷ фаъолият мекунад, ки ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаҳои гуногун машғуланд.
Коллеҷҳо дар Тоҷикистон имрӯз мутобиқ ба эҳтиёҷоти бозори меҳнат барномаҳои таълимиро таҳия мекунанд. Дар вилояти Хатлон бештар мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ тайёр карда мешаванд, зеро ин минтақа асоси истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар шаҳри Бохтар Коллеҷи махсусгардонидашуда амал мекунад, ки ба соҳаи аграрӣ ниграонида шудааст.
Дар вилояти Суғд бештар мутахассисони соҳаи саноат, маъдан, металлургия ва энергетика омода карда мешаванд, ки ба рушди саноати ин минтақа мусоидат менамоянд. Бинобар ин, дар шаҳри Конибодом Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ фаъолият доранд.
Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он низ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд, ки дар самти тиб, омӯзгорӣ, хизматрасонӣ ва технологияҳои информатсионӣ кадр омода месозанд, чун Коллеҷи тибии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосит Махсумова, Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ, Коллеҷи информатика ва технологияи компютерӣ ва чанди дигар. Ин равиш ба он мусоидат мекунад, ки ҳар як минтақаи кишвар бо назардошти хусусиятҳои иқтисодию иҷтимоии худ мутахассисонро тайёр кунад ва талаботи бозори дохилиро қонеъ гардонад.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ҳамчунин, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ба таври ҷиддӣ густариш ёфт. Лоиҳаҳои муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба таҷдиди инфрасохтор, ворид намудани технологияҳои нав, таҷҳизонидани синфхонаву озмоишгоҳҳо ва омода кардани кадрҳои баландихтисос мусоидат намуда истодаанд. Ин таҷрибаҳо имкон доданд, ки сифати таҳсилоти миёнаи касбӣ ба талаботи ҷаҳонӣ наздик шавад ва донишҷӯён имконият пайдо кунанд, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар рақобатпазир бошанд.
Истиқлол, ҳамчунин, шароити ворид кардани унсурҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муҳайё сохт. Имрӯз донишҷӯёни коллеҷҳо на танҳо малакаи касбӣ меомӯзанд, балки дарсҳои марбут ба таърихи халқи тоҷик, фарҳангу арзишҳои миллиро низ фаро мегиранд. Ҳамзамон, тариқи марказҳои ҳунарҳои миллию муосир, ки дар ҳар як муассиса мавҷуд аст, бо ҳунарҳои дастии халқамон ошно мешаванд. Ин раванд дар ташаккули шахсияти худогоҳ ва ватандӯст нақши муҳим мебозад.
Ҷиҳати ташаккули низоми таҳсилоти касбӣ ва таъсиси шабакаи ягонаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ 6 сентябри соли 2023 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди нави мустақил бо номи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки мақоми ваколатдори соҳа маҳсуб меёбад.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ на танҳо имкони аз нав созмон додани низоми таҳсилоти ибтидоиб миёнаи касбиро фароҳам овард, балки замина гузошт, то ин соҳа мутобиқ ба талаботи асри нав танзим гардида, рушд намояд. Агар дар давраи Шӯравӣ муассисаҳои касбомӯзӣ танҳо ба иқтисоди нақшавӣ хизмат мекарданд, имрӯз онҳо ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъмин кардани бозори меҳнат бо мутахассисони гуногунсоҳа, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон 84 коллеҷ фаъолият дорад, ки дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, хизматрасонӣ, омӯзгорӣ, тиб, фарҳангу санъат, тарбияи ҷисмонӣ, технология, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳим мутахассисонро омода месозанд. Ин рақам худ нишони он аст, ки истиқлол имконият дод, то соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз як низоми вобаста ба маркази собиқ Иттиҳод ба як шабакаи мустақили миллӣ табдил ёбад. Дар оянда низ сиёсати давлатӣ ба рушди ин самт равона гардида, бо ворид кардани технологияҳои нав, ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафта ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ имкониятҳои нави рушдро фароҳам хоҳад овард.
Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ ҳамчун пояи асосӣ барои ташаккули низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Бе истиқлол на ислоҳоти барномавӣ, на ташкили муассисаҳои нави касбӣ ва на густариши ҳамкории байналмилалӣ имконпазир намебуд. Маҳз соҳибистиқлолӣ шароит фароҳам овард, ки миллати тоҷик соҳиби низоми мустақили тайёр кардани мутахассисони сатҳи миёна гардад, ки ҷавобгӯи талаботи асри XXI ва рушди устувори кишвар мебошад.
Замира ИРМАТОВА,
директори Коллеҷи технологии
ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









