Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4296369
Сегодня
169
На этой неделе
1067
В этом месяце
5160
Итого
4296369
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

13.03.2025

Дарахти дӯстӣ биншон – оғози нав дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Санаи 13-уми марти соли 2025 ҳамчун санаи тақдирсозу таърихсоз барои мардумони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Қирғизистон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид, зеро чанд лаҳза қабл, маҳз дар ин рӯз, сарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда, гузаргоҳҳои марзии “Қайрағаш” (ноҳияи Лайлак) ва “Қизил-Бел” (ноҳияи Бодканд) байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳузури онлайнии роҳбарони кишварҳо дубора кушода шуданд.
Ҳуҷҷати муҳиму таърихиеро, ки ҷумҳуриҳо солҳои тӯлонӣ барои имзои он талош мекарданд, имрӯз дар мулоқоти муштараки раҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид
Бо ташаббуси худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саннаи 12 ва 13-уми март бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафтанд. Ин ташрифи Сарвари давлати мо ба сарзамини офтобии ҳамсоя натиҷаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони хирадманди ду кишвар мебошад, ки тавонистанд овози қалби якояки мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро шунаванд.
Ташаббуси наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик дар симои ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонии қалби поки инсонидошта, меҳмондӯсту сулҳпарвар мебошад ва аввалин шуда, татбиқ намудани қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърих ҳамчун ягона Сарвари давлат, ки ба хотири наҷоти ояндаи башарият ин гуна амали инсонсозу миллатсозро анҷом доданд, қабул гардидааст, шаҳодати дигарбораи Пешвои сулҳ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Албатта, мо огоҳем, ки таъмини сулҳ, амният ва субот кӯшишҳои мушкил ва дарозмуддатро талаб мекунанд. Дар ин масир кишварҳо гоҳ қадаме ба пеш ва гоҳ қадамҳое ба ақиб мегузоштанд, зеро баҳри аз миён бардоштани ниёзҳою муноқишаҳо дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ҷаҳдҳои дастҷамъона заруранд, ки ҳамаи инро мо дар симои комиссияҳо муштараки ду кишвар баръало мушоҳида кардем.
Шодиву хурсандии мардуми тоҷику қирғиз, ки имрӯз оғози муносибатҳои дӯстонаву ҳамдигарфаҳмии ин ду кишвари бо ҳам дӯст аст, дар фазои иҷтимоӣ ва байналмилалӣ аллакай эҳсос мешавад. Ин рӯйдоди бузург барои ҳар як фарди ватандӯст дарси ибратомез аст. Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо шукронаи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи кишвари азизамон ва Пешвои сулҳпарварамон намоему дар ободию шукуфоии меҳани воқеан ҳам зебоямон саҳмгузор бошем.
Даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳайати расмии ин кишвари ҳамсоя барои иштирок дар Наврӯзи байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва пазируфта шудани он бори дигар шаҳодати хиради азалии ду сарвари ҳамсоякишварҳост.
Мо омӯзгорону ояндасозони шаҳри Конибодом кӯшиш менамоем, ки сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дӯстӣ ва ҳамкориҳои илмию фарҳангиро бо кишвари ҳамсоя рушд ва тақвият диҳем, зеро Ҳофизи бузургвор беҳуда нагуфтаанд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Замира ИРМАТОВА,
директори Коллеҷи технологии
ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом
Возможно, это изображение 2 человекаВозможно, это изображение 1 человек
Возврат к списку новостей