Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4265058
Сегодня
7
На этой неделе
147
В этом месяце
1579
Итого
4265058
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.09.2024

ПАЁМИ ШОДБОШИИ

РАИСИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ АБДУСАЛОМ ТӮХТАСУНЗОДА
БА ИФТИХОРИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
9 сентябр бо ифтихору сарфарозӣ ва шукргузориву саодатмандӣ ҷашни шукуҳманди миллат- 33 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегирем.
Сокинони сарбаланду шарафманди Канди бостониро ба муносибати фарорасии ин ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, фараҳмандиву хушҳолӣ, саодату нусрати рӯзгор ва иқболи нек орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оила мебошад».
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷдору соҳибтамаддуни мо волотарин ва арзишмандтарин дастовард ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдориамон мебошад. Самараи неки Истиқлоли давлатӣ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати комил ҳукмфармо буда, бо талошу ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Худшиносии миллӣ, дарки баланди Ватану ватандорӣ дар замири ҳар як сокини Тоҷикистони азиз ҷойгузин гардида, дар зарфи сиву се соли соҳибистиқлолӣ шоҳид ҳастем, ки дар ин марҳила ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд бесобиқа тавсеа ёфта, маҳз дар ҳамин давра ба арзишҳои миллӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ арҷ гузошта шуд.
Аз ҳама муҳим таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим аз тарафи созмонҳои бонуфуз ҷонибдорӣ ва ҳамовозӣ пайдо намуд, ки ин ифтихору сарфарозии ҳар фарди тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар зарфи сиву се соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастоварҳои беназир, пешравию муваффақиятҳо ноил гардид. Ба туфайли Истиқлоли давлатӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ- Парчам, Нишон, Суруди миллӣ гардида, ба таъриху фарҳангу забон аҳамияти хоса зоҳир намудем ва Конститутсияи Тоҷикистонро пазируфтем, ки соли равон 30 - солагии ин санади сарнавиштсози миллатро ҷашн хоҳем гирифт.
Дар партави сиёсати сулҳофарона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯсту меҳнатқарини шаҳрамон чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз давлати ободу озод имрӯзҳо барои зебову шукуфо гардонидани диёри ҳамешаҷавонамон саъю талош доранд.
Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузург - 35 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори шаҳри бостониамон бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дошта, ин амалҳои созанда ба тараққиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад намуд.
Бовариву эътимоди комил дорам, ки ҳар як сокини бонангу номуси шаҳрамон ба қадри истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ мерасанд ва бо дарки баланди масъулият дар рушди давлатдории миллӣ, ҷомеаи пешрафта, таҳкими пояҳои истиқлолу ваҳдат ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ саҳми беназир мегузоранд.
Дар фарҷом, аз ҳарфҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан ба маврид аст, ки «Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро нерӯманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Ҷашни бузурги таърихӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатиро ба ҳамаи шумоён-ҳамшаҳриёни азиз сидқан шодбодӣ намуда, ба Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол шукуфоӣ ва рушди босуръат таманно дорам.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак!
Возможно, это изображение 2 человека, отдел новостей, Овальный кабинет, помост и текст
Возврат к списку новостей