Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
4265058
Сегодня
7
На этой неделе
147
В этом месяце
1579
Итого
4265058
16.08.2024
Паёми шодбошии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб.
Табибони муҳтарам!
Дар ин айёми басо фараҳбахшу гуворо ҳамаи Шумо ва дар симоятон кулли кормандони соҳаи тандурустиро ба ифтихори иди касбиатон - Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ба зодрӯзи нобиғаи илми тиб, асосгузори тибби ҷаҳон, олим ва файласуф Абӯалӣ ибни Сино тавъам мебошад, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва барору комёбиҳои рӯзафзунро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр доштанд, ки: “Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст”.
Дар ҳақиқат, тӯли 33 соли соҳибистиқлолии кишвар ин соҳаи муҳим рӯ ба рушд ниҳода, мавқею мақоми табибон ва кормандони соҳаи тиб баланд гардид ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузории соҳа мунтазам зиёд карда шуда, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир ва омодасозии кадрҳои ҷавону болаёқат ва дорои қобилияту дониши баланд хеле беҳтар шуда истодааст.
Имрӯзҳо басо сарфарозу қаноатманд ҳастем, ки табибони шаҳрамон дар ҳифзи сиҳатии ҷомеа, пешгирии ҳама гуна бемориҳо саҳми назаррас доранд, ҳамзамон бояд қайд намоям, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар қатори дигар кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии шаҳр дар ободониву покизакорӣ ва ниҳолшинониву сабзкорӣ нақши арзандаву шоиста доранд.
Муҳтарам ворисони Сино!
Саломатӣ барои инсон давлати бузург аст ва ин неъматро маҳз Шумо – табибон ва кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ҳифз менамоед. Ҳадафи асосии мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат мебошад.
Итминони комил дорам, ки шумоён – табибони муҳтарам ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон аҳамияти махсус зоҳир менамоед, чунки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим бунёдгузори ҷомеаи солим шуда метавонад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ дар партави сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти босуботи соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯӣи доимӣ зоҳир менамояд.
Боварии комил дорем, ки шифокорони шаҳр - ворисони арзандаи Синои бузург ва тамоми кормандони соҳа барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва дар амал татбиқ намудани тарзу усулҳои муосири муолиҷа, мустаҳкам гардонидани саломатии сокинон, пешгирии ҳама гуна бемориҳо кӯшиш ба харҷ дода, дастовардҳои худро боз ҳам афзун менамоянд.
Бори дигар, шумоёни гиромӣ ва дар симоятон кулли кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандиву саодатмандӣ, сари баланду нерӯи тоза ва дар фаъолияти бошарафу пурифтихоратон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа барору комёбиҳо орзу менамоям.
Бигзор, рӯҳи тавонои пири табибон - Абӣалӣ ибни Сино ҳамеша ҳидоятгару раҳнамо ва мададгори ҳар яки Шумо бошад!
Ид муборак, ворисони Сино!
Бо эҳтиром,
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?