Посетители
4288355
Сегодня
111
На этой неделе
111
В этом месяце
3168
Итого
4288355
28.06.2024
Таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом
Ба муносибати 27-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ 27 июн бо иштироки Раиси шаҳр Абдусалом Тухтасунзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, зиёиён, собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва аҳли ҷомеаи шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст Раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода сокинонро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, ба Тоҷикистони биҳиштосоямон рушду тараққиёт ва пешрафту шукуфоӣ таманно намуд.
Таъкид карда шуд, ки - ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам овард, ки дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад.
Бо шарофати таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.
Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён ато намуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси шӯрои иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ба сухан баромада, паёми шодбошии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирон расонид.
Сипас, як қатор фаъолони шаҳр бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, Юсуфҷон Ахмедов шаҳрванди фахрии шаҳри Конибодом эътироф шуд.
Аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ дар сатҳи баланд пешниҳод гардид, ки он тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан буд

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?