Посетители
4282168
Сегодня
45
На этой неделе
769
В этом месяце
1988
Итого
4282168
26.06.2024
Паёми табрикотии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода
Ҳамдиёрони азиз!
27-июн мардуми сарабаланду сулҳхоҳи кишвари соҳибистиқлоли мо солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ - рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд.
Ба ифтихори ин ҷашни ба ҳамагон азизу муътабар кулли сокинони диёри бостониро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор ва хушбахтиву шодмонӣ орзумандам.
Бисту ҳафт сол муқаддам – 27-уми июни соли 1997 бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсози миллат – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ба шарофати он дар сарзамини тоҷикон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ пойдор гардида, хатари парокандашавии миллат пешгирӣ карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш таъкид намуданд, ки: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар мебошад, ки арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ кардаанд».
Ба ин маънӣ зикр намудан бамаврид аст, ки истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ барои мардуми тамаддунсозу ваҳдатофари мо бениҳоят азизу арзишманд мебошад. Ин озодиву ободӣ ва осоиши мардум аз ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат ба даст омадааст ва мебояд насли ҷавони ҷомеа, ки имрӯз дар шароити созгори сулҳу суботи комил ба воя расида истодаанд, барои устувору таҳким бахшидани пояҳои сулҳу ваҳдат талош намуда, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳоро вазифаҳои муҳими хеш қарор диҳанд.
Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андӯхта, худ исботи онро дида истодаем, ки пояи Ваҳдати миллӣ дар сарзамини ниёгонамон устувору бегазанд мебошад. Ин ҷавҳари муқаддас дар сиришти миллати фарҳангдӯсту сулҳпарвари мо маъно ва асолати ватандӯстиро тарбия намуда, меҳру вафо ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро замина гузошт.
Таърих ба мо сабақ медиҳад, ки ҳамеша ҳаводису воқеоти гузаштаро аз хотир набарорем ва кӯшиш намоем, ки аз он панд бигирем. Дар ин радиф мо - сокинони ватандӯсту меҳанпарастро мебояд падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар - ваҳдати миллиро сарҷамъона ҳифз намоем ва нагузорем, ки ин оромиву иттиҳоди мардуми моро нохалафе рахна намояд.
Имрӯзҳо аз он хушбахту сарфароз ҳастем, ки маҳз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон ба майдони сиёсат фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард. Бо талошҳои пайваставу пайгиронаашон сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо гардида, бо ҳидояту раҳнамоиҳои ин марди хирад дубора мардум рӯ ба корҳои ободониву созандагӣ ниҳод. Шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатии фалаҷгардида фаъолиятро аз нав оғоз бахшида, пояҳои давлатдорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ, равобити сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои дуру наздик зина ба зина барқарор ва таҳким бахшида шуд.
Имрӯз Тоҷикистон ба як давлати рӯ ба тараққию рушдкарда ва кишвари амнтарин дар ҷаҳон шинохта шуда, бо зиёда аз 180 давлати дунё равобити дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангиро роҳандозӣ намудааст.
Итминони комил дорам, ки ҳар як сокини шаҳри Конибодом аз тоҷику тоҷикистонӣ будани хеш ифтихор дорад ва барои таҳким бахшидани ғояҳои истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ пайваста кӯшиш намуда, бо сарҷамъию муттаҳидӣ манфиатҳои миллию давлатӣ, дастовардҳои бузургтарини халқамонро ҳимоя намуда, барои боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани ин сарзамини биҳиштосо талош меварзанд.
Бори дигар, ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро, ки дар соли бобарору таърихии миллат – 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил намуда истодаем, ба ҳамаи сокинони сарбаланди Канди бостонӣ шодбош мегӯям. Бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодату нишоти зиндагӣ, хушбахтии хонаводагиро таманно дорам .
Бигзор, дар Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот пойдору устувор бошад.
Ҷашни шукуҳманди миллат- Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?