Посетители
4225840
Сегодня
52
На этой неделе
390
В этом месяце
3157
Итого
4225840
05.11.2023
Паёми табрикии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати 29 - солагии Сарконун
Ҳамшаҳриёни азиз!
Санаи 6-уми ноябр мардуми сарбаланду саодатёри кишвари маҳбубамон яке аз санаҳои барои миллати тоҷик муҳиму тақдирсоз – Рӯзи қабули қонуни асосии миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон беҳтарин таманниёти хешро иброз менамоям.
Тавре ки аз таърих бармеояд, Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсози давлату миллат маҳсуб меёбад. Он тӯли 29 соли мавҷудияти хеш дар раванди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона мавқеи махсусро касб менамояд ва тақдиру роҳи ояндаи халқро муайян мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули афкори пешқадами кулли мардуми садоқатпешаи кишварамон мебошад.
Гузашти солҳо собит сохт, ки дар партави Конститутсия ҷомеаи мо дар ҷодаи бунёдкорӣ ва созандагӣ ба комёбиҳои назаррас соҳиб гардида, собитқадамона дар роҳи бунёди давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Зимни суханрониҳои худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузурги Конститутсияро чунин таъкид намудаанд: «Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, Истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия мебошад.»
Тавре ки аз таъкидҳои Роҳбари давлат бармеояд, маҳз Конститутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқиро барои рушди босубот таъмин менамояд. Мазмуну мундариҷаи Конститутсияи кишвар мукаммал буда, он дар байни панҷ конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, ки ин боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мост.
Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, танзими ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа басо муҳиму назаррас аст.
Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 29-сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди истиқлолу ободӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳаммбастагӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва ҳуҷҷати тақдирсози имрӯзу фардои давлату миллати тоҷик ба шумор меравад ва ҳифзу риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ буда, мо мардуми сарбаланди ин сарзамин ба қадри истиқлолу озодии давлати мустақилу соҳибихтиёри хеш бояд бирасем.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи шаҳри бостонии Конибодом низ тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия рисолати шаҳрвандии худро адо намуда, аз ҳарвақта бештар баҳри расидан ба дастовардҳои шоиста, саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон минбаъд ҳам талош хоҳанд варзид.
Бо чунин ниятҳои самимона, бори дигар кулли сокинони шаҳрамонро бо 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, файзу баракати ҳар як хонадон, саодату сиҳатмандии пиру ҷавон ва ваҳдати ҷовидонаи Тоҷикистони азизамонро таманно дорам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!


Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?