Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4202498
Сегодня
95
На этой неделе
415
В этом месяце
3222
Итого
4202498
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

14.05.2023

Даъвати баҳории ҷавонон ба Артиш идома дорад

Бо мақсади баррасии ҷараёни даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласа таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа раисони кумитаҳои маҳаллӣ, ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳр иштирок карданд.
Зимни ҷаласа масъулини маъракаи даъват ва комиссияи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиш аз натиҷаи корҳояшон дар ин самт ва сатҳу сифати сафарбаркунии ҷавонписарони синни хизматӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат маълумот доданд.
Раиси шаҳр дар суханронии хеш таъкид дошт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳои ҳарбию ватандӯстона бо ҷавонони синни хизматӣ боз ҳам ба таври васеъ ва ҷоннок ба роҳ монда шавад.
Имрӯзҳо сафи ҷавонони ватандӯст, ки ихтиёран барои хизмат ба Ватан сафарбар мешаванд, зиёд гардида, ҳар яки онҳо баъди азназаргузаронии комиссия ба хизмати Ватан ҷалб карда шуда истодаанд.
Дар анҷом масъулини маъракаи даъват ва аъзоёни комиссия барои саривақт ва бо комёбӣ ҷамъбаст намудани ин маъракаи муҳим аз ҷониби шаҳрдор муваззаф карда шуданд.
Возможно, это изображение 1 человекВозможно, это изображение 6 человекВозможно, это изображение 3 человека, помост и текстВозможно, это изображение 4 человекаВозможно, это изображение 9 человекВозможно, это изображение 3 человекаВозможно, это изображение 3 человека, помост и текст
Возврат к списку новостей