Посетители
4202492
Сегодня
89
На этой неделе
409
В этом месяце
3216
Итого
4202492
12.05.2023
Хизмати ин Ватан агар ман накунам, кӣ мекунад?!
Таҳти ҳамин шиор дар Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр ҳамоиши ҳарбӣ - ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар он ҷавонону донишҷӯён, меҳмонон аз маркази вилоят яъне, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс Носирович, Раиси Шурои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зокиров Саидбой, сарбозону афсарони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва волидони онҳо иштирок доштанд.
Дар маҳфил муовини Раиси шаҳр Заррина Ғафурзода, намояндагони вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб, ҷавонони фаъол ва сарбозону волидони онҳо ба сухан баромада, аз дӯст доштани Ватан, ҳифзи ҳар як пораи хоки Тоҷикистон, хизмати содиқона ба халқу кишвар, ба маърифатнокиву забондонӣ, касбу ҳунар ҷалб намудани ҷавонону донишҷӯён, масъалаҳои ахлоқиву ватандӯстона ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ибрози назар намуданд.
Аз ҷумла сарбозону афсарони диловар, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргаштаанд, баромад карда, оид ба шароиту имкониятҳои васеи қисмҳои низомӣ маълумотҳо доданд ва қайд карданд, ки хизмати ҳарбӣ ин мактаби ҷасорату ватандӯстӣ ба ҳар як ҷавонмард аст. Ва ҳифзи содиқонаи марзу буми ватан қарзи муқаддасу фарзандии ҷавонон мебошад.
Дар анҷом ҳамчун рамзи эҳтиром аз хизмати садоқатмандонаи сарбозону афсарон барояшон сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар анҷоми ҳамоиш барномаи ҷолиби консертӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳр пешкаш карда шуд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?