Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512929
Сегодня
277
На этой неделе
1702
В этом месяце
27107
Итого
4512929
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

29.03.2016

Мулоқоти судманд бо ҷавонон

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Патар ва Лоҳутӣ  мулоқот доир карда шуд. Сардори Раёсати кор бо ҷавонони  Кумита Давронзода Дилноза ва дигар намояндагон  доир ба тағйироту иловаҳои воридшаванда ва нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, андешаҳояшонро баён доштанд. Ҳамчунин, мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Валиҷон Шарипов низ баромад карда, ибрози ақида кард.

Дар қисмати дуввум семинар-машварат доир карда шуда, лоиҳанависӣ дар бораи барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон сурат гирифт. Ба иштирокчиёни фаъоли семинар маводҳои тарғиботӣ, тӯҳфаҳои Кумита ва бахши кор бо  ҷавонон супорида шуд.  Дар хотима байни иштирокчиён суолу ҷавоби судманд сурат гирифт.

Бояд қайд кард, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилал байни ҷавонону наврасони шаҳр мусобиқаи футбол баргузор карда шуда, дар он ҷавонони ҷамоати деҳоти Патар ҷои аввалро сазовор гардиданд ва дар ин вохӯрӣ Ҷом ва ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ба онҳо супорида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей