Посетители
24.03.2016
Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Конибодом

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом ташриф овард. Бо иштироки Сарвари давлат ду коргоҳи саноатии шаҳр - корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ ҶДММ «Нафтрасон» бо иқтидори 70 ҳазор тонна нафт дар як сол ва корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк ҶДММ «Меваи Канд» бо иқтидори 1 ҳазору 200 тонна дар як сол ба истифода дода шуда, ҳамчунин, ба оғози корҳои тармиму азнавсозии шоҳроҳи Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ифтитоҳ бахшида шуд.
Технологияҳои васлшуда дар коргоҳи коркарди нафт имкон медиҳад, ки сифати маҳсулоти нафтиро пурра таъмин намуда, бори аввал дар ҷумҳурӣ гази моеъ низ истеҳсол гардад. Тибқи ҳисобҳои мутахассисон коргоҳ метавонад, то 15 фоизи талаботи вилояти Суғдро ба маҳсулоти нафтӣ таъмин намояд. Ҷанбаи асосии ҶДММ “Меваи Канд” бошад, хушккунӣ, коркард ва бандубасти меваҳои хушк маҳсуб меёбад.
Сипас, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев бо фаъолону роҳбарони шаҳр сӯҳбати самимӣ доир кард.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкории Ҳукумати кишвар имрӯз дар шаҳри Конибодом якчанд иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз бунёди корхонаҳои саноатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми неки соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиринро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.
Ба андешаи Пешвои миллат мардуми шаҳри Конибодом бо такя ба анъанаҳои неки гузаштагони худ ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозӣ, заҳматдӯстӣ ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарину қавииродаи Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Баъди суханронии Сарвари давлат аз номи сокинони шаҳр Аҳрор Бобоҷонзода - омӯзгор, Шаҳноза Аҳмадова – донишҷӯ, Нозими Нуъмонӣ кишоварз ва Зарнигор Баротова – омӯзгор суханронӣ карда, ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.




Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









