Посетители
22.03.2016
Таҷлили шукӯҳманди ҷашни Наврӯз
Наврӯз иди баҳор, тарғиби беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Фарорасии ин иди хуҷастаро чун тамоми сокинони сайёра мардуми сарбаланди Канди бостонӣ низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва омодагии ҳамаҷониба таҷлил намуданд. Аз субҳи фирӯз аҳолӣ бо либоси идона ва рӯҳи болида дар идгоҳ – боғи маданият ва истироҳати шаҳр ҷамъ омаданд. Чорабинии наврӯзӣ бо намоиш ва баргузории озмунҳои гуногун, аз қабили гулҳои ороишӣ, паррандаҳои хушхон, бодбаракпарронӣ, хурӯсҷанг ва кадбонуи беҳтарин оғоз ёфт. Меҳмонон аз намоишгоҳи наврӯзӣ дидан карда, ба ҳунарҳои мардумӣ, рукнҳои наврӯзӣ ва анъанаҳои миллии пешкашгардида таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, мулоқотҳои судманд оростанд. Ҷамъомадро муовини Раиси шаҳр Ашурматова З.У. ифтитоҳ бахшида, табрикоти идонаи Раиси шаҳр Ғ.Боҳириро ба самъи ҳозирин расонид. Баъдан намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдузафар Иномов баромад намуда, паёми табрикотии Раиси вилоят А.Қодириро ба диққати иштирокдорон расонид.
Сипас, натиҷаи озмунҳои наврӯзӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи фарҳангии санъаткорони шаҳр манзури сокинон гардонида шуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?