Посетители
21.03.2016
Иди милливу аҷдодӣ дар деҳот
Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои халқи мо ва ҷаҳониён буда, рамзи шукуфоӣ ва эҳё гардидани табиат аст ва моро ба шодмониҳо мерасонад. Имрӯзҳо кулли мардуми кишвар бо шукӯҳи наврӯзӣ бо шодиву нишоти бепоён ин ҷашни аҷдодиро истиқбол намуда истодаанд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ранги дигар гирифта, ба иди бузурги дӯстию рафоқат, меҳру самимият ва шодию сурур табдил ёфт. Сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ зери навои карнаю сурнай ва бо рӯҳияи шод ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд. Дар оғоз ба фаъолияти сехи нави адрасу атласбофӣ ифтитоҳ бахшида шуд, ки баҳри бо кор таъмин гардидани занони деҳот шароит фароҳам меорад.
Дар тантана Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ иштирок намуда, сокинони ҷамоатро бо фарорасии ҷашни Наврӯз шодбош гуфт. Барномаи рангини сокинони деҳа ба тантана шаҳомати хоса бахшид. Дар наврӯзгоҳ анъанаҳои гуногуни миллӣ, маҳсули дастони мардум, либосҳои қадима, корҳои эҷодии дастӣ, аз қабили гулдӯзиву зардӯзӣ, бофандагӣ, пазандагӣ ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон аз намоиш-виставкаи наврӯзӣ дидан намуда, баҳои баланд доданд.
Дар ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов низ идро бо омодагии ҳамаҷониба ҷашн гирифтанд. Муовини Раиси шаҳр З.Ашурматова ва вакили маҷлиси вилоятӣ Нигора Юнусова сокинони ҷамоатро бо Наврӯзи хуҷастафол табрик гуфтанд. Сипас, аз ҷониби наврасону ҷавонон барномаи рангини наврӯзӣ пешкаш гардид. Суруди бойчечак, рақсҳо, саҳнаҳои ҷолиб, бадеҳаҳо, таронаҳои наврӯзӣ, ки ба самъи иштирокдорон расонида шуд, басо хотирмон буд. Дар макони баргузории тантанаҳои наврӯзӣ инчунин, озмунҳои гуногун, аз ҷумла, гулҳои ороишӣ, бодбаракпарронӣ, хурӯсҷанг, корҳои эҷодӣ ва кадбонуи беҳтарин баргузор гардида, ғолибон бо сипосномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамин тавр, дар дигар ҷамоатҳои деҳот ҳам ҷашни Наврӯз ба иди воқеан бузурги миллӣ ва аҷдодӣ тадбил ёфта, басо хотирмон таҷлил гардид.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?