Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512905
Сегодня
253
На этой неделе
1678
В этом месяце
27083
Итого
4512905
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

22.03.2016

Амалҳои хайр дар арафаи ид

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ вожаи «Наврӯз» дар паҳнои  олам садо медиҳад, як вожа  ҷаҳони беохирро тасхир кард, бо нураш, гармиву шодобиаш, покизагиву хуррамиаш, меҳрубонӣ, ҷонбахшоӣ ва инсонпарвариаш. Ин ҷашн дар байни сокинони кумитаи маҳаллаи Фабрикӣ низ тантанаи нуру рӯшноӣ, эҳёи табиат ва меҳру самимият гардид.  Дар ҷараёни омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилал бошандагони маҳалла ташаббуси шаҳрдориро вобаста ба эълон доштани Аксияи «Дилу ниятамонро пок месозем» дастгирӣ намуда, корҳои  назаррасро ба анҷом расониданд. Корҳои ободониро дар ҳудуди хонаву манзил ва кӯчаҳо хуб ба  роҳ монда, шинонидани гулу ниҳолҳо ва сафедкунии дарахтон, инчунин аёдату дастгирии барҷомондагон, ки аз амалҳои хайр ва суннатҳои Наврӯз аст, ба иҷро расониданд. Хоса, тантанаи Наврӯз дар ин маҳал дар як фазои идонаву шодмонӣ таҷлил гардид. Сокинони маҳалла хурду бузург бо омодагии ҳамаҷониба ҳунарҳои дастӣ ва расму оинҳои миллиро пешниҳод намудан. Баҳри табрики сокинон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Акмал Ализода омада, табрикоти идонаи Раиси шаҳрро расонд. Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Лолахон Қодирова  ва сокинони маҳалла хатнасури сокини маҳалла Насимҷон Сатторов баргузор гардид. Ҳамчунин, 60-солагии зиндагии ибратбахши як оилаи намунавии маҳалла – оилаи Ёқубовҳо ҷашн гирифта шуд. Дар доираи  чорабиниҳои наврӯзӣ аз тарафи вакили маҷлиси вилоятӣ Нигора Юнусова аёдати оилаҳои ниёзманд ба амал оварда шуда, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз дар кумитаи маҳаллаи Фабрикӣ мутантан таҷлил гардид.

Возврат к списку новостей