Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512924
Сегодня
272
На этой неделе
1697
В этом месяце
27102
Итого
4512924
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

21.03.2016

Тарғиби оинҳои наврӯзӣ

Мардуми ҷамоати деҳоти Пӯлотон  баҳри истиқболи ҷашни  милливу аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз дар маркази деҳаи Равот ҷамъ омаданд. Чорабиниҳои наврӯзии ин ҷамоат низ бо оростани хони 7 сину 7 шин, намоиши дастовардҳои ҳунарӣ, дастгоҳҳои ҳунармандӣ, маҳсулоти қаннодӣ, кандакорӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ ва анъанаҳои миллии ниёгон оғоз ёфт. Раиси ҷамоат Н.Шербоев  базми наврӯзиро ифтитоҳ бахшида, кулли сокинонро бо ид  шодбош  гуфт. Баъд Муовини шаҳр Илҳомҷон Ҳомидов дар назди иштирокдорон бо суханони табрикотӣ баромад намуда, номаи шодбошии шаҳрдориро ба самъи ҳозирин расонид, ки саршор аз меҳру самимият, талқини некиву накӯкорӣ, хайру сахо, дӯстиву рафоқат ва ҳидоят ба ободкориву созандагӣ буд. Баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи ҷолибу ҷаззоб пешниҳод карда шуд. Хусусан, баромадҳои тарбиятгирандагони кӯдакистон ва наврасон  дилнишин буд. Тантанаи наврӯзии ин ҷамоат боз аз он хусус бартарият дошт, ки он фарогири анъанаву расму оини халқиятҳои гуногун буд ва дӯстию рафоқатро талқин сохт. 

Возврат к списку новостей