Посетители
19.03.2016
Таҷдиди назар ба ҳаёт ва поксозии дилу ният
Бо иқдоми Раиси шаҳр ба санаи 19 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот Аксия (тадбири оммавӣ)-и «Дилу ниятамонро пок месозем» эълон гардида буд. Инак, имрӯз сокинони шаҳр бо азму иродаи қавӣ сарҷамъона ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, фаъолона дар аксияи мазкур ширкат варзиданд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон ва оммаи васеи сокинон дар ободониву кабудизоркунӣ ва сарсабзгардонии шаҳр саҳм гузоштанд. Аз ҷумла, 830 нафар кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба шанбегӣ баромада, 5370 м2 саҳни ҳавлӣ ва 1250 м ҷӯйбор тоза карда шуд. Ҳамчунин, 3 тоннаю 200 кг партов бароварда шуда, 110 бех гул шинонида ва 150 бех дарахтон сафед карда шуд. Инчунин, дар аксия аз соҳаи маорифи шаҳр 16456 нафар иштирок намуда, дар рӯбучини 7278 м2 гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, дар баровардани 2317 кг партов, cафед кардани 544 бех дарахт, тоза кардани 234 м3 замин аз алафҳои бегона саҳм гузоштанд. Инчунин, аҳли кормандони ҶС «Тоҷиктелеком» низ дар аксия фаъолона иштирок намуданд. Гирду атрофи коргоҳи худро тозаву обод карданд. Дигар ташкилоту муассисаҳо, сокинони ҷамоатҳои деҳот низ хеле самимона дар аксия ширкат намуданд.
Умуман, пиру ҷавони шаҳр бо як самимияти хос ба тозакориву ободониҳо машғул шуда, хонаву манзил ва маҳалли худро тоза карда, ашёву коло, либосҳои кӯҳнаву нолозим, зарфҳои корношоями рӯзгорро нобуд сохтанд.
Аз ҷониби коллективи аксари коргоҳу сохторҳо аёдати барҷонмондагону ниёзмандон, шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ба амал оварда шуд.
Ҳамин тавр, тадбири оммавие, ки таҳти унвони «Дилу ниятамонро пок месозем» аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эълон гардида буд, аз ҷониби сокинон ҳамовозӣ ва дастгирӣ ёфт ва ба як чорабинии муҳими фарҳангию маънавии умумишаҳрӣ табдил ёфт. Итминон комил дорем, ки ҳар як фарди солим дар ин рӯзҳои накӯ ба ҳаёти худ таҷдиди назар намуда, дар ташаккули шахсият ва камолоти маънавии хеш қадаме ба пеш гузошт ва минбаъд низ амалу кирдорҳои хайру некро ба анҷом хоҳад расонд. Аҳолии шаҳр тасмим гирифтанд, ки ҷашнҳои дарпешистодаро сазовор истиқбол намуда, ният доранд, ки минбаъд низ чунин иқдомҳоро пайгирӣ намоянд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?