Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1154356
Сегодня
96
На этой неделе
312
В этом месяце
2153
Итого
1154356
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

23.07.2021

Омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо

Субҳи 22 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат санҷиши омодабошии ҷангии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ санҷида шуд.
Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва зиёда аз 2000 нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаи шаҳри Конибодом ҷамъ омаданд.
Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда аз ҷумла зикр кард, ки Тоҷикистон кишвари сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале, таҳаввулоти ҳарбиву сиёсии ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини суботу амнияти он доимо омода бошем.
Тавре ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатараноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозанд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
Вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, хусусан, авзои кунунии Ҷумҳурии Афғонистони ҳамсоя, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткор аз ҳар яки мову шумо талаб менамояд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳамеша тайёрии ҷиддӣ дошта бошем.
Қайд гардид, сокинони шаҳри Конибодом барои таъмини иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ фаъолиятро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азиз, таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, барои ҳимояи ҳар як ваҷаби хоки поки Ватан ҳамеша тайёр ҳастанд.
Чорабинии мазкур бо натиҷаҳои сатҳи баланд дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҷамъбаст гардид.
Возврат к списку новостей