Посетители
18.03.2016
Чорабиниҳои наврӯзӣ дар кумитаҳои маҳаллӣ
Имрӯзҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди шаҳр чорабиниҳои гуногуни наврӯзӣ доир гардида истодааст. Аз ҷумла, чун анъана сокинони кумитаи маҳаллаи Ш.Ҳусейнзода аввалинҳо шуда ин ҷашнро якҷоя таҷлил намуданд. Онҳо иқдоми Раиси шаҳрро оид ба эълон намудани Аксияи «Дилу ниятамонро пок месозем» ҳаматарафа ҷонибдорӣ карда, атрофи маҳалро тоза намуда, дар ҳудуди кумитаи маҳалла як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Имрӯз бошад, дар маркази маҳалла бо дастгирии Вакили маҷлиси шаҳрӣ Рауф Бобоҷонов маҳфили идонаи наврӯзӣ доир карда шуд. Ровии барнома маҳфилро бо суханони табрикотӣ оғоз намуд. Сипас, раиси кумитаи маҳалла Кибриё Обидова баромад карда, сокинони маҳалларо бо иди Наврӯз шодбош гуфт. Аз ҷониби кӯдакону наврасон ва ҷавонон барномаи ҷолибу рангин намоиш дода шуд. Қироати шеърҳо, сурудҳои наврӯзӣ, рақсҳои ҷолиб ва саҳначаҳои гуногун , ки ба маърази тамошобинон расонида шуд, хеле мароқангез буд. Сокинони маҳалла урфу одатҳои миллӣ, анъанаҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумиро манзури иштирокдорони чорабинӣ намуданд.
Рӯзи аксия ва ҷашни Наврӯз бо тамоми ҷузъиёташ ва фарогирии анъанаҳои нек дар кумитаи маҳаллаи Ш.Ҳусейнзода хеле хуб таҷлил гардид.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?