Посетители
17.03.2016
Достони садоқат ва хиёнат
Нахустнамоиши филми «Дувоздаҳ соли интизорӣ», ки бо иштироки васеи тамошобинон дар қасри фарҳанги «Мошинсозон» баргузор гардид, ба яксолагии ширкати «Суғднамо» иттифоқ афтод. Ин ширкати синамосоз, ки номи Комил Ёрматовро дорад, дар заминаи гурӯҳи эҷодии таҳти дасти Муҳиддин Музаффар таъсис шуда, корро аз наворгирии филми ҳуҷҷатии «Канд» шурӯъ намуда, бо қиссаҳои дидание аз қабили «Ормонҳо», «Паймон», «Коса» ба назарҳо афтодааст. Достони навбатии синамосозони ҷавон қиссаи зиндагии садҳо занон дар мисоли зиндагии як зан аст, ки солҳо ҳамсари гумроҳашро мунтазир монда, аз ӯ ҷои дӯстдорӣ хиёнат мебинад, вале ин ҳамаро бо сабурӣ паси сар менамояд. Муҳиддини Музаффар мегӯяд, сужаи филм аз ҳаёт гирифта, қаҳрамононаш ҳамшаҳриёни мо ҳастанд. Фурӯпошии оилаҳо ба асари муҳоҷират имрӯз дарди носури ҷомиа гардида, филмсозон хостанд мардумро аз дилсангӣ, хиёнат, бевафоӣ, ки ҳиҷрати мардон ба бор меорад, ҳушдор диҳанд ва онҳоро ба садоқату рафоқату дӯстдорӣ ҳидоят намоянд.
Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баробари табрики синамосозон бо қиссаи муваффақ ва ҷашни «Суғдсинамо» таъкид ба он намуд, ки дар ин достон доғи рӯз, падидаи солҳои охир-фурӯпошии оилаҳо ба хатти тасвир гирифта шуда, ҷанбаи омӯзанда дорад.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Маҳмадов, ки дар филм нақш офаридааст, аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта, меҳмоннавозию дастгирии конибодомиён ҳангоми наворгирии филми «Манзилатон обод бод» - Тоҳир Собиров ёд овард. Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Шодиев аз солҳои беҳтарини умраш, аз чаҳор соле, ки дар театри Конибодом паси сар кардааст, қисса намуд. Таҳмина Раҷабова аз истиқболи гарми тамошогарон изҳори хушнудӣ мекард. Дар филм ҳунарпешаи шоиста Дилбар Сулаймонова, ҳунарпешаи бомаҳорат Фарҳод Тӯхташев ва гурӯҳи актёрони театри ба номи Тӯҳфа Фозилова нақшҳои ҷолиб офаридаанд. Бознашр аз рӯзномаи маҳаллӣ
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?