Посетители
18.03.2016
Озмуни мусаввирони ҷавон
Бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди бемории сил, ки ба санаи 24 март эълон гардидааст, дар Раёсати маорифи шаҳр озмуни мусаввирони ҷавон дар мавзӯи «Бемории сил табобатшаванда аст» гузаронида шуд. Дар озмун аз 38 муассисаи таълимии ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот мусаввирони ҷавон иштирок намуда, маҳорати расмкашӣ ва малакаи худро нишон доданд. Муҳассилин аз рӯи мавзӯи пешбинишуда дар рӯи асфалт суратҳои гуногуну ҷолибро тасвир карданд. Ҳайати ҳакамон иборат аз намояндаи Раёсати маориф Мамадова М. ва мушовири Раёсати маориф Дадоҷонов О., сарвари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТЗС) Абдусатторова М., методисти Маркази ТТЗС Садриддинова Ф. ва духтури силшинос Узоқова О. корҳои эҷодии мусаввиронро аз назар гузаронида, баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа расмҳои тасвирнамудаи хонандаи МТМУ №51 Наҷмиддинов Чалолиддин ва хонандаи мтму№ 2 Ҷӯраев Шаҳриёр сазовори ҷои аввал дониста шуданд. Толибилми мтму№37 Абдулазизова Азиза ва хонандаи мтму №46 Баркашев Шерзод бо корҳои эҷодии худ ба гирифтани ҷои дуюм соҳиб гаштанд. Хонандаи мактабҳои №3 Муллобоева Дилшода, хонандаи мтму№6 Тӯхтасинова Зарнигор ва хонандаи мтму№8 Боиров Солиҷон ба ҷойи сеюм лоиқ гардиданд. Ҳамчунин, мтму рақамҳои 24, 49, 19, 27 ва гимназияи рақами 1 низ дар озмун фаъолона ширкат варзиданд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?