Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512929
Сегодня
276
На этой неделе
1701
В этом месяце
27106
Итого
4512929
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

18.03.2016

Иҷрои амалҳои хайр дар арафаи Наврӯз

Яке аз суннатҳои беҳтарини Наврӯз навозиши ятимон, хайру саховат ба дармондагон аст. Ин анъанаи неки ниёгон аз ҷониби шахсони саховатпеша идома ёфта, ниёзмандон пайваста бо ғамхориҳо фаро гирифта мешаванд. Ин навбат низ тарбиятгирандагони муассисаи таълимии парастишгоҳи №40-и шаҳр дар арафаи иди Наврӯз мавриди таваҷҷӯҳи хосаи сарпарастону саховатмандон қарор гирифтанд. Аз ҷониби роҳбарияти Фурудгоҳи байналхалқии шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Бӯстон барои тарбиятгирандагони ин боргоҳ хони идона ороста шуд. Ба ин муносибат тарбиятгирандагон бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии  хотирмон доир намуданд. Дар оғоз дар даромадгоҳи толори парастишгоҳ корҳои эҷодии хонандагон ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинӣ устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ, намояндагони Раёсати суғуратаи иҷтимоии вилояти Суғд, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раиси комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, Раиси ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, намояндаи Раёсати маорифи шаҳр иштирок намуда, толибилмон ва ҷомеаи омӯзгорони парастишгоҳро  бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрик карданд.

Сипас, тарбиятгирандагон барномаи рангини наврӯзии хешро пешкаши иштирокдорон карданд. Шеъру сурудҳои наврӯзӣ, рақсҳои ҷолиб ва саҳнаҳои ҳаҷвии муҳассилин, иҷрои анъана ва оинҳои неки наврӯзӣ табъи ҳозиринро шод намуданд.

Дар хотима тарбиятгирандагон ба ташкилкунандагон ва сарпарастони доимии худ арзи сипосмандӣ карданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей