Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512921
Сегодня
269
На этой неделе
1694
В этом месяце
27099
Итого
4512921
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

15.03.2016

Машварати иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ

Дар асоси нақша-чорабиниҳои бахши Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 15 марти соли  дар ҷамоати деҳоти Патар машварати якҷояи намояндагони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо фаъолон, раисони кумитаҳои маҳаллӣ, донишҷӯёну хонандагон ва муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид.  Вохӯриро раиси ҷамоати деҳоти Патар Турсунов Ф. оғоз бахшид. Баъдан мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Х.Холматова, мудири бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати   меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Б.Шарипов, мудири шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Ш.Ортиқов  бо навбат  сухан карда, оид ба ҳолатҳои оилавайроншавӣ, худкушӣ, риоя нашудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқи шаҳр ва ҷамоати деҳоти Патар, инчунин, қонунҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, қоидаҳои нави федералӣ дар бораи тарзҳои гирифтани патент, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  тундрав маълумот доданд.

Ҳамзамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон, роҳҳои пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии онон ба ҷангҳои давлатҳои Сурияву Ироқ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ  аз мавзӯъҳои марказие буданд, ки зимни машварат матраҳ гардиданд.

Иштирокдорон низ бо саволу пешниҳодҳои худ муроҷиат намуда, дар машварат  ширкати фаъол доштанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей