Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512922
Сегодня
270
На этой неделе
1695
В этом месяце
27100
Итого
4512922
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

11.03.2016

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Санаи 11 марти соли равон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  бо иштироки рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарӣ, ҷомеаи меҳнатии матбааи шаҳр, собиқадорони соҳа ва алоқамандону муштариёни соҳаи табъу нашр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.  Дар оғоз оид ба фаъолияти 84-солаи рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом»  намоиш-виставка доир карда шуд. Сипас Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ кулли матбуотчиёнро бо идашон шодбош гуфт. У зимни баромади худ аз саҳми матбуоти тоҷик дар ташаккули маърифатнокии мардум ва рушди ҷомеаи демократӣ сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки рӯзномаи маҳаллии «Садои Конибодом» як ҷузъи матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, аз беҳтарин рӯзномаҳост ва рӯзноманигорони шаҳр тавассути сухани нишонрас ва  маводҳои гуногун баҳри пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ислохи камбудиҳои ҷойдошта ҳиссаи муносиб мегузоранд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки мардуми маърифатпарвари шаҳрамон ба рӯзномаю маҷаллаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд ва ҷиҳати саривақт аз навгониҳои дохилу хориҷи кишвар иттилоъ пайдо намудан бештар ба ин навъи воситаи ахбор рӯ меоранд.

Шаҳрдор дар идомаи суханрониҳояш изҳори боварӣ кард, ки минбаъд, бахусус, дар соли ҷашнгирии 25-солагии истиқлолияти давлатӣ рӯзноманигорони шаҳр фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, тавассути мавқеи устувор ва адолатпарварӣ, сухани нишонрас ва қалами бурро баҳри ташвиқи ғояҳои инсонпарварона ва ҳадафу арзишҳои волои давлат, инчунин, дар пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳми муассир мегузоранд.

  Дар ҷараёни ҷамъомад ба чанде аз матбуотчиёни фаъол сипосномаи Раиси шаҳр,  ифтихорномаҳои идораи рӯзнома ва ба ғолиби озмуни шаҳрии рӯзноманигорон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Мавлонҷон Узоқов рӯзноманигори хушсалиқа Фирӯзаи Абдулазиз диплом супорида шуд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзҳои таҷлили иди матбуот корманди рӯзномаи «Садои Конибодом» Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад ба гирифтани ҷоизаи вилоятии ба номи Ҳоҷӣ Содиқ сарфароз гардид. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Возврат к списку новостей