Посетители
10.03.2016
Ба пешвози Наврӯз
Аз қадим ниёгони мо Наврӯзро бо қалби пок, тайёрии махсус ва ниҳолшинонӣ пешвоз мегирифтанд. Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ҳудуди шаҳр корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ бовусъат ҷараён дорад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ободонии ҳудуди корхонаву муассисаҳо идома дорад. Кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза ҳар ҳафта шанбегӣ доир намуда, гирду атрофи коргоҳи худро тоза карда, бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ дар афзун намудани ҳусни шаҳр ҳисса гузошта истодаанд. Боиси қайд аст, ки ниҳолпарварони Конибодом байни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, ки 20 феврал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Аз аввали сол то инҷониб дар шаҳр ҳамагӣ зиёда аз 1,5 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд. Хушбахтона, имрӯзҳо аксари сокинони шаҳр иқдом гирифта, ба тозакориву ободонӣ даст зада, аз ҷумла, ба тоза намудани канали калони Фарғона оғоз карда, каналро аз ҳар гуна ифлосиву партовҳо тоза карданд.
Хоса тадбири оммавие, ки ба 19 март таҳти унвони «Дилу ниятамонро пок месозем» аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эълон гардидааст, ғайримуқаррарӣ буда, аз ҷониби сокинон ҳамовозӣ пайдо намудааст. Ҳар як фарди солим дар ин рӯзҳои накӯ бояд ба ҳаёти худ таҷдиди назар кунад, дар ташаккули шахсият ва камолоти маънавии хеш қадаме ба пеш гузорад ва амалу кирдорҳои хайру некро ба анҷом расонад.
Ҳамин тавр, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳр хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?