Посетители
24.02.2015
Мулоқот бо фаъолзанони вилоят
Бо ибтикори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят дар шаҳрамон мулоқоти аъзоёни шӯрои фаъолзанони вилояти Суғд Очаой Юсуфӣ, Зулфиниссо Раҷабова, Хосият Мамадҷонова бо занону духтарони шаҳр баргузор гардид.Вохӯриҳо дар коллеҷи омӯзгорӣ ва коллеҷи технологии шаҳр доир шуда, дар онҷо оид ба самтҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар, эълон гардидани соли оила, тарбияи ҷавонон ба ҳаёти оилавй, одобу ахлоҷи духтарон, нақши модар дар тарбияи фарзанд, роҳҳои расидан ба хушбахтии оилавӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни занон ва ҷудошавии оилаҳо, ҳамеша пешсафу фаъол будани занону духтарон дар ҷомеа ибрози андешаҳо сурат гирифт.
Вохӯриҳо бо саволу ҷавобҳои судманд ва сӯҳбати самимӣ ҷараён гирифт. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуда, дар сӯҳбатҳо оид ба ҳаёти имрӯзаи занону бонувони шаҳр ва нақши онҳо дар пешбурди ҷомеа маълумот дод.
Зикр гардид, ки 99 439 нафари аҳолии шаҳрамонро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки фаъолияти онҳо дар тамоми самтҳои фаъолият хеле нишонрас ба чашм мерасад.Мутаасифона дар моҳи январи соли ҷорӣ 50 ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин самт якҷоя бо шӯъбаи САҲШ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сӯҳбат бо оилаҳо бурда шуда истодааст.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?