Посетители
13.10.2015
Фаъолияти 9-моҳа ҷамъбаст шуд
Имрӯз 13-октябр ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар 9-моҳи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ баргузор гардид. Дар оғоз муовини Раиси шаҳр И.Ҳомидов дар бораи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ҳисобот дода, оид ба бурду бохти тамоми соҳаҳо ба таври муфассал истода гузашт.
Зикр гардид, ки иҷрои нақшаи андозҳо 99,6 фоизро ташкил дода, ба ҷойи 36 млну 359,6 ҳазор сомонӣ дар асл 36 млну 204,9 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст. Ин нишондод нисбат ба нақша 154,7 ҳазор сомонӣ кам бошад ҳам, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млну 212 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Аз 11 намуди андозҳо иҷроиши нақшаи 10 намуди он таъмин шуда, нақшаи 1-намуди андоз иҷро нагардид.
Сабаби иҷро нагардидани нақшаи ин намуди андоз асосан пурра бо иқтидори истеҳсолӣ фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ ва мавҷудияти маблағҳои бақияпулӣ мебошад.
Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, 100 фоиз таъмин карда шудааст.
Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 22 адад корхонаҳои калону миёна, 23 адад корхонаҳои хурд ва соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар ин муддат 6 коргоҳҳо ва сехҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Инҳо коргоҳи коркарди пахтаи «Доган», корхонаи дӯзандагии «Гулдаст», навбати аввали сехи коркарди шир, 2 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ мебошанд, ки бо истифодадиҳии онҳо 147-адад ҷойҳои корӣ муҳайё гардиданд.
Имрӯз пахтакорони шаҳр бо истифода аз ҳавои мусоиди тирамоҳӣ суръати ҷамъоварии пахтаро вусъат бахшида, наздик 70 дар сади нақша ба иҷро расонида шудааст.
Дар 9 моҳи соли равон аз тарафи соҳибкорони шаҳр 14-адад иншоотҳои гуногун, аз ҷумла хонаи истиқоматии бисёрошёна, бинои маъмурӣ, маркази муоинаи назорати техникӣ ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шудаанд
Сипас Раиси шаҳр аз баъзе масъулин ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла сабабҳои камфаъолиятии корхонаҳои саноатӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, масъалаҳои таъмини барқ ва вазъи пардохти маблағи он ва ғайраҳо пурсиш ба амал овард.
Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳаи шаҳр намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ғафуров Толиб Шарифович иштирок ва суханронӣ намуда, дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуд ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар баъзе самтҳо тавсияҳо дод.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ баҳри бо дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намудани семоҳаи 4-ум ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар тамоми соҳаҳо дар назди масъулин ва фаъолони шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошт.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?









