Посетители
09.10.2015
Қаҳрамони меҳнат Ҳабибахон Каримова аз олам даргузашт
Имрӯз санаи 9-октябр зани соҳибдил, Каҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳабибахон Каримова дар сини 92-солагӣ аз олам чашм пушид.
Дар хонадони шодравон бо иштироки кормандони масъули давлативу ҷамъиятӣ, шогирдону пайвандон митинги мотам баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ, муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Гаффорӣ, роҳбарону масъулини шаҳру навоҳии гуногуни кишвар иштирок карда, аз кори неку хислатҳои ҳамидаи Ҳ.Каримова ба некӣ ёдовар гардиданд.
Ҳабибахон Каримова 5-сентябри соли 1923 дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1930 ба мактаби ибтидоии «Намуна» дохил шуда, соли 1934 онро бомуваффақият ба итмом расонидааст. Баҳри такмили донишу малакаи касбии хеш ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, курси пурраи онро соли 1953 ба итмом расонид.
Фаъолияти меҳнатиаш аз омузгори синфҳои ибтидоии мактаби ибтидоии ба номи Чапаев огоз гардида, баъдан ҳамчун муовини директор ва то ба нафақа баромадан сарварии таълимгоҳи мазкурро ба зима дошт. Ҳ.Каримова яке аз иштирокдорони фаъоли ҳаракати маҳви бесаводӣ маҳсуб ёфта, дар тарбияву ташаккули маънавию маърифатии ҷомеа саҳми босазо дорад.
Ҳ.Каримова барои хизматҳои арзандааш бо мукофоти олии давлатӣ – Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ, Муаллими Хизматнишондодаи Тоҷикистон, бо 2 Ордени Ленин, 18 Медал, унвони Аълочии Маорифи Халқи Тоҷикистон ва Иттиходи Шӯравӣ ва чандин Ифтихорномаву сипосномаҳо кадрдонӣ гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз даргузашти устоди мӯътабар Ҳабибахон Каримова андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳад.
Равонатон шод ва манзили охирататон обод бод, Устоди арҷманд Ҳабибахон Каримова.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?