Посетители
09.10.2015
Маркази адлия кушода шуд
Ҳар сол якшанбеи 2-юми моҳи октябр дар мамлакатамон Рӯзи касбии кормандони адлия ва суд қайд карда мешавад. Дар арафаи ин иди касбӣ дар шаҳрамон бинои нави маркази адлия сохта ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо таҷҳизоту шароити мусоид мавҷуд аст. Бинои нави маркази адлия аз ҷониби Вазорати адлияи мамлакат қомат афрохта, дар он 3 ташкилоти бонуфуз: идораи САҲШ, идораи нотариуси давлатй ва иҷрочиёни суд фаъолият хоҳанд кард.
Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи маркази адлия Раиси шахр Ғайбулло Боҳирӣ, муовини вазири адлия Нодирӣ Шаҳноза Анвар иштирок ва суханронӣ намуда, ифтитоҳи ин бинои хушсохту замонавиро тӯҳфаи арзанда барои кормандони соҳа дар арафаи Иди касбӣ арзёбӣ намуданд.
Қаблан дар шаҳр бинои алоҳида барои кормандони САҲШ вуҷуд надошта, онҳо дар бинои иҷора фаъолият доштанд.
Дар рӯзи кушодашавии бинои нав 1 ҷуфт навхонадорон дар вазъияти тантанавӣ аз ақди никоҳ гузаронида шуда, хамчунин ба 4 нафар навзодон шаходатномахои таваллуд такдим гардид.
Бунёд ёфтани бинои нави Маркази адлия баҳри боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти кормандони соҳа мусоидат карда, ҳамчунин барои аз байн бурдани баъзе мушкилоти сокинону корафтодагон кӯмак менамояд.

Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?