Председатель города

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4512920
Сегодня
268
На этой неделе
1693
В этом месяце
27098
Итого
4512920
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат ОЗМУН барои ишғоли чои корӣ

08.10.2015

Мулоқоти кормандони Прокуратура дар маҳал

Тибқи нақшаи чораҷӯиҳои Прокуратураи вилояти Суғд имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ҳамробоев бо сокинони ин ҷамоат ва бошандагони ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарипов мулоқот доир карда шуд. Мулоқот дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ” сурат гирифта, дар оғоз корманди Прокуратураи вилояти Суғд, сардори шӯъбаи назорати умумӣ Зайниддинзода Амирҷон оид ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, содир гардидани ҷиноятҳои характери террористидошта аз ҷониби бархе ҷавонони ноогоҳ маълумот дод. Зикр гардид, ки аз шаҳри мо низ якчанд нафар ҷавонон бо чунин кирдорҳои ношоиставу ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳоло 74-нафар сокинони вилояти Суғд бинобар иштирок дар ҷангҳои давлати Сурия, 130-нафар дар задухӯрдҳои кишварҳои Афғонистону Покистон буданашон дар кофтуков қарор доранд.

Зайниддинзода Амирҷон сабаби чунин ҳолатҳоро беэътибории волидон нисбати фарзандон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ноогоҳиву камсаводии худи ҷавонон арзёбӣ намуда, падару модаронро даъват намуд, ки нисбат ба тақдири фарзандонашон ҳамеша боаҳамият бошанд.

Прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳасан Низомӣ дар баромади хеш оид ба якчанд ҷиноятсодиркуниҳои шаҳрвандон истода гузашта, зикр дошт, ки дар 9 моҳи соли 2015 дар шаҳрамон зиёда аз 200 чиноятхо содир гардидаанд, ки аз онхо 50 адад ҷиноятҳои вазнин мебошанд. Дар ин муддат 6 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудааст, ки асосан бо сабабҳои ночизи оилавӣ рух додаанд. Чуноне Прокурори шаҳр иброз дошт, содир кардани ҷиноятҳои дуздиву қаллобӣ низ вақтҳои охир раванди зиёдшавӣ дошта, дар пешгирии чунин ҳодисаҳо на танҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми ҷомеа бояд масъул бошанд.

Мутаассифона, 38-нафар сокинони шаҳрамон бинобар шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва амалҳои ғайриқонунӣ дар қайди мақомоти  Прокуратура буда, 10 нафарашон бинобар қарор доштанашон дар ҷангҳои давлатҳои исломӣ дар кофтуков мебошанд.

Прокурори шаҳр Ҳ.Низомӣ ҳозиринро баҳри расидан ба қадри тинҷиву ободии ватан, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ахлоқи нек ва бад-ин васила пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ даъват намуд.

Чунин мулоқот дар ҷамоати деҳоти Пӯлодон низ бо сокинони ин маҳал гузаронида шуда, бо сокинон оид ба оқибатҳои ногувори шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва пешгирии чунин ҳодисаҳои номатлуб сӯҳбати судманд ороста шуд.

Дар анҷоми ин мулоқотҳо филми мустанади Прокуратураи вилояти Суғд бо номи “Хиёнат”, ки аз оқибати амалҳои ношоистаи ҷавонони гумроҳшуда нақл мекунад, манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Возврат к списку новостей