Председатель города
Тухтасунзода Абдусалом
Посетители
01.06.2015
1-Июн – Рӯзи кӯдакон
Имрӯз 1-июн дар шаҳрамон чорабинии идонаи кӯдакон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон баргузор гардид, ки бо иштироки Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ сурат гирифт. Зимни чорабинӣ сабқати телевизионӣ таҳти унвони “Парастуи орзу ” гузаронида шуда, намояндагони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва сокинони шаҳр барои кӯмаку ёрмандии тифлакони ятиму бепарастор, фарзандони оилаҳои ниёзманд ва маъюб маблағҳои хайриявии худро ба суратҳисоби хазинаи кӯдакон ворид намуданд.
Сипас,барномаи консертӣ аз ҷониби кӯдакони соҳибистеъдоди шаҳрамон пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ дар табрикоти хеш ба баромади наврасони соҳибҳунари шаҳрамон баҳои баланд дода, дар ин Рӯзи хушнудӣ ба фарзандон ва падару модарони онҳо орзуҳои нек таманно намуд.
Ҳамзамон тамоми бозиҳо ва атраксионҳои бачагонаи шаҳр ройгон ба кӯдакон хизмат намуда, яхмос, обҳои хушсифати ташнагишикан, ширинӣ ва дигар дилхушиҳо барои кӯдакон имрӯз ройгон буд.
Аз ҷониби Маркази иҷтимоии тавонбахшӣ ва кӯмак ба пиронсолони шаҳр бо роҳбарии Заррина Ғафурова дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пайванди шаҳрвандӣ” барои кӯдакони маъюбу ниёзманд дар чойхонаи “Мавҷ” дастурхони идона ороста шуда, хӯрданиҳои лазиз ва шириниҳо ба ин тифлакон пешкаш гардид. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ бо ҳар яки онҳо вохӯрда, бо орзуҳои самимона Иди кӯдаконро барояшон шодбош гуфт.
Дар ин рӯзи идона Раиси шаҳр ба хонадони сегоникҳо, оилаи Баротовҳо ташриф оварда, ҳамчун ҳадяи идона ба 3 нафар тифлакони ин оила Фотимахону Зӯҳрохон ва Ҳусейнҷон, ки ҳоло 8-моҳа мебошанд, аробачаҳои роҳгардӣ (ходунок) тӯҳфа намуд. Инчунин ба ин оила участкаи наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, аз ҷониби Раиси шаҳр ҳуҷҷатҳои он ба падару модари сегоникҳо супорида шуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?