Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

4271411
Сегодня
93
На этой неделе
537
В этом месяце
537
Итого
4271411
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

28.05.2015

Ташрифи Раиси вилояти Суғд ба Конибодом

Субҳи 28 Май Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корҳои саҳроӣ ва боздиди соҳаи кишоварзӣ ба шаҳрамон ташриф овард.  Нахуст  дар деҳаи Лоҳутӣ, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо сокинони ин маҳал, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот  мулоқоти Раиси вилоят доир шуда, дар оғоз оид ба сабабҳои заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, муаммо ва зисту зиндагонии аҳолии маҳал, таъсиси марказҳои бойторӣ дар назди ҷамоатҳои деҳот, вазъи кишти зироатҳои полезӣ ва ғайраҳо саволу ҷавоб бо масъулин сурат гирифт.

Аз ҳисоби кам кардани сафи муҳоҷирони  меҳнатӣ ҷалб намудани шаҳрвандон ба корҳои саҳроӣ ва истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷалби ҷавондухтарони хонашин ба ҳунари дӯзандагиву қолинбофӣ, таъмини  шаҳрвандон бо участкаҳои наздиҳавлигӣ аз заминҳои шаҳраки “Сайҳун”-и шаҳри Хуҷанд, ободонии роҳу кӯчаҳо ва тамоми паҳлӯҳои ҳаёти сокинон дар суханронӣ ва саволу ҷавобҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид. Якчанд нафар иштирокдорон бо саволу дархостҳо бобати муаммоҳои ҷойдоҳтаи кору рӯзгорашон муроҷиат карда, посухҳо гирифтанд.

Сипас боздиди Раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ аз хоҷагии деҳқонии “Маданият” дар ҷамоати деҳоти Э.Шарипов идома ёфт.  Дар ин хоҷагӣ бо деҳқонон ва мутахассисон сӯҳбати  самимӣ доир карда шуда, Раиси  вилоят бо нашъунамои ниҳолҳои пахта, помидору бодиринг ва дигар зироатҳо  шинос шуд.

Чунин мулоқот дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон бо саҳмдорон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бригадаҳои  ҷ.с. ба номи Э.Бойматова ва Ирам баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ роҳбарони бригада ва хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан оид ба танқисии об ва зиёд будани аспу чорвои бесоҳиб дар заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ  шикоят доштанд. Раиси вилоят ба масъулини дахлдор, сарвари идораи хоҷагии оби вилоят ва шаҳр, сардори Шӯъбаи Вазорати Корҳои Дохилии шаҳр дастур дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин муаммои таъминоти об ба хоҷагиҳо ҳал карда шуда, соҳибони молу чорвои ба заминҳои кишоварзӣ воридгардида муайян ва нисбаташон чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳини боздид аз майдони навбунёд “Майдони қаҳрамонон” изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки баҳри боз ҳам зебоиву  ободонии ин мавзеъ якчанд намуди гулҳои ороишиву ҳамешасабз  аз шаҳри Хуҷанд оварда  хоҳанд шуд. Дар рӯ ба рӯи майдони мазкур  боз  як  бинои  навсохт дар арафаи баистифодадиҳӣ мебошад, ки аз 2 ошёна иборат буда, ҳамчун маркази  атласбофию адрасбофӣ ва қолинбофии дастӣ фаъолият хоҳад кард.  Раиси вилоят дар  боздиди  ин  бино  зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар таъмини дастгоҳҳои атласбофӣ ва қолинбофӣ  кӯмак  хоҳад кард.

Дар анҷоми сафари корӣ Раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ  баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи кишоварзӣ, таъмири роҳҳо, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷоннок намудани кор дар самти  таъсиси марказҳои бойторӣ дар ҷамоатҳои деҳот  дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта, ҷиҳати истифодаи заминҳои  холӣ  ва  бекорхобида 10 рӯз мӯҳлат дода шуд.

Бо ҳамин боздиди Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз шаҳри Конибодом анҷом ёфт. 

 

Возврат к списку новостей